Рафтори неки падару модар, муҳимтарин дарси тарбиятӣ барои кўдакон аст

Фарзанд неъмати воло дар дасти падару модар, чун амонатест, ки фардо аз он пурсида мешаванд. Арзиши ин неъмат ҳангоме комил мешавад, ки ҳамроҳ бо дин ва ахлоқи нек бошад, дар сурати акс фарзандон дар дунё ва охират ҷуз мояи зиён дигар беш нахоҳанд буд. Аз ин рў шахсе, ки дар тарбияи фарзанди худ саҳлангорӣ ва дар таълими чизҳои зарурӣ бар он кўтоҳӣ мекунад, аҷаб кори хато ва баде намудааст. Сабаби фосидшудани ахлоқи бештари фарзандон ин кўтоҳназарии падарон аст. Дар кўдакӣ падарон дар таълими онҳо саҳлангорӣ карда, дар пирӣ ҷуз ранҷ аз онҳо дигар суде намебинанд.

  1. Ҳадафи аслии тарбия эҷоди рўҳияи прастиши Худованд дар вуҷуди фарзандон аст. Аз ҷумлаи неъматҳои илоҳӣ бар бандагонаш онаст, ки тамоми кўдакон бо фитрати исломӣ ва худошиносӣ ба дунё меоянд ва танҳо ба сарпарастӣ ва нигаҳдорӣ аз он ба чизи дигаре ниёз надоранд.
  2. Тамоми кору бори падару модар аз ранҷҳои бедорхобӣ, то сарф кардани моле дар тарбия ва омузиши фарзанд ибодат маҳсуб мегардад. Ҳатто шодмон кардани фарзандон аз зумраи ибодатҳост. Чунон ки паёмбари Худо(с) фармудаанд: « беҳтарин моле, ки дар назди Худованд бештарин аҷрро дорад, ин харҷ кардани мол дар роҳи Худо, озод кардани ғуломон ва сарф кардани он барои хонадонат мебошад».
  3. Бояд ҳангоми тарбия падару модар нияти холисона дошта бошанд. Беҳтарин тарбия онаст, ки фарзанд дар рўҳияи худшиносӣ ва худошиносӣ тарбия ёбад.
  4. Дуо ибодат аст. Паёмбари Худо(с) барои фарзандон ва ҳамсарони худ дуои хайр мекарданд. Аз ин рў ба мо низ зарур аст, ки барои худ ва барои ҳамсарону фарзандон ва ҳама аҳли ҷомеа дуои хайр намоем, то Худованд бо карами худ фарзандони мо ва тамоми аҳли ҷомеаро ислоҳ намояд.
  5. Дар касби моли ҳалол кўшиш ва аз соҳиб шудани моли ҳаром парҳез намоем, зеро дар ҳадиси шарифе омадааст: « Ҳар шахсе, ки бадани худро ба моли ҳаром парвариш диҳад, сазовори дар оташи дузах сухтанаст». Падару модари гиромӣ набояд танҳо рибохўрдану ришваситонӣ ва андўхтани молро аз роҳи ғасбу дуздӣ ҳаром шуморанд, балки ба ҳар баҳона таъхир ба ҷойи кор ва куркурона намудани он низ аз ҷумлаи ҳаромҳост. Ворид кардани моли ҳаром низ ба хона ҳаромаст. Дар ҷойи кор бисёре аз мардум ба корҳои ғайри зарурӣ ва корҳои беҳуда мепардозанд ва вақти зиёдеро беҳуда талаф менамоянд, ки дар Ислом ин кор ҷоиз нест. Масъулиятшиносӣ дар ҷойи кор аз воҷиботи Ислом аст, бинобар ин бояд шахс вақти идории худро ба ҳамон коре сарф кунад, ки бар ўҳдааш гузошта шудааст.
  6. Намунаи накў: рафтори неки падару модар, муҳимтарин дарси тарбиятӣ барои кўдакон аст. Бинобар ин падару модар аз додани ваъдаҳои дурўғ ба фарзандони худ бояд комилан дурӣ ҷўянд. Зеро зербинои шахсияти кўдакон аз иртиботи мустақими падару модар шакл мегирад. Бинобар ин агар бихоҳем фарзандони солим ва солеҳ дошта бошем бояд аввал худамон солим ва солеҳ бошем.

Пас беҳтар аст барои тарбияти фарзандонамон вақти худро дареғ надорем ва барои саодати дунё ва охирати онҳо роҳҳои дурусти тарбияти фарзандро биомўзем. Дар ин росто модар аз ҷойгоҳи муҳимтаре бархўрдор аст. Зеро вақти бештареро ў бо кўдак мегузаронад, ба ҳамин хотир модар бояд дар заминаи тарбият китобҳо ва маҷаллаҳои мухталифро мутолиа намояд, то дар тахассуси инсонсозии худ муваффақтар амал намояд.

  1. Сабр: омиле, ки дар ҷомеаи мо ба он хеле кам аҳамият медиҳанд, аммо тамоми мутахассисони улуми тарбиятӣ ва равоншиносӣ ва ҳатто аҳодиси набавӣ сабрро барои муваффақият аввалин дараҷа мешуморанд. Яке аз равишҳои илмӣ барои аз байн бурдани қаҳрҳои мукаррар ва асабониятҳои беҷо дар кўдакон ин сабр аст. Барои мисол агар фарзанди шумо одат кардааст, ки бо гиря ва доду фарёд чизеро ба даст биёрад шумо бояд дар таслими хостаи ў нашавед, вале ўро танбеҳ ҳам накунед. Агар шумо дар муқобили доду фарёди кўдаки худ сабур бошед, ў мефаҳмад, ки ин равиши ў барои расидан ба ҳадаф муваффақ нест, ба ҳамин хотир равиши солимро интихоб мекунанд. Пас дар ҳамаи заминаҳои тарбиятӣ ва омўзишӣ сабр нақши муҳим мебозад.
  2. Танбеҳ. Дар тарбияи атфол танбеҳ нақши боризеро дорост, аммо мақсуд аз он латту кўб кардан ва маиб намудани онҳо нест.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ