ИМА: вирусро Хитой сохт! Чин: Амрико!

Ҳамлаҳои лафзии мақомҳои давлати Амрико алайҳи амалкарди Чин ба хотири пайдоиш ва паҳншавии коронавируси нав идома дорад.

Ахиран мушовири амнияти миллии Кохи Сафед гуфт, рафтори Чин дар қатори ҳамон амалкарди Шӯравӣ аст, ки ҳодисаи Чернобилро чанд муддат пинҳон карда буд. Вазири корҳои хориҷии Чин, ки то ин вақт аксаран аз забони сухангӯи ниҳоди зертобеаш ба Амрико посух медод, ахиран худ ба майдон баромад ва гуфт, «қасди Вашингтон туҳмат ва ҳамла ба Чин аст, ки воқеият надорад.»
Роберт О’Брайен, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед дар гуфтугӯ бо шабакаи Си-Эн-Би-Си гуфт, сарпӯшгузории Чин ба рӯйдодҳои марбут ба паҳншавии коронавируси нав «дар таърих дар ҳамон раддае қарор хоҳад гирифт, ки Чернобил қарор гирифт.»
Ишораи О’Брайен ба фоҷиае аст, ки соли 1986 дар Неругоҳи атомии «Чернобил» рух дод ва Иттиҳоди Шӯравӣ чанд муддат онро пинҳон дошт.
Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед мегӯяд, Пекин аз пайдоиши коронавируси нав дар Вуҳон ва паҳншавии он ҳанӯз дар моҳи ноябр бохабар буд, вале дар ин бора Созмони ҷаҳонии беҳдоштро сари вақт огоҳ накард ва ҷилави дастёбии коршиносони хориҷӣ ба иттилоотро ҳам маҳдуд намуд.
«Онҳо иҷоза доданд, ки вирус дар ҷаҳон пахш шавад ва миллиардҳо доллар аз сарвати Амрикоро нобуд кунад. Дар таърих аз ин пинҳонкорие, ки анҷом доданд, ба монанди Чернобил ёд хоҳад шуд,»-афзуд мушовири амнияти миллии Кохи Сафед.
Дар дигар сӯ дар Чин Ван И, вазири корҳои хориҷии ин кишвар худ вориди корзор шуд ва рӯзи якшанбеи 24-уми май ба хабарнигорон гуфт, «як вируси сиёсии ҳамла ва дурӯғ ба Чин дар Амрико ривоҷ пайдо карда, ки коре ба воқеиятҳои аввалӣ надорад.»
Ван афзуд, «Амрико он қадар дурӯғ ва тавтиа ба Чин нисбат додааст, ки мешавад аз онҳо як маҷмӯа кард.»  Вазири корҳои хориҷии Чин, ҳамчунин гуфт, «бархе неруҳои сиёсӣ дар Амрико равобити ИМА ва Чинро гаравгон гирифта ва дар ҳоли тела додани он ба даврони ҷанги сард ҳастанд.»
Аммо, Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед дар гуфтугӯи ҷудогона ба Си БИ Эс боз ҳам таъкид кардааст, ки Чин ба воқеиятҳо «сарпӯш гузоштааст.»
Ҳамлаҳои лафзии мақомҳои амрикоӣ ба Чин дар ҳоле сурат мегирад, ки ИМА ба маркази аслии паҳншавии вируси нави корона табдил шудааст. Доналд Трамп ва давлати ӯ борҳо Пекинро муттаҳам карданд, ки воқеиятҳо дар бораи вируси нави коронаро пинҳон кардааст. Иттиҳоме, ки мақомҳои Чин борҳо онро рад кардаанд.
Ҳукумати Чин дар моҳи декабри соли гузашта дар мавриди паҳншавии вируси «мармуз» дар шаҳри Вуҳон хабар доданд. Аммо гузоришҳое вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад нахустин мавриди тасдиқшуда дастикам дар моҳҳои октябр-ноябр буд.
Як рӯзномаи Ҳонг Конг дар моҳи март гузориш дод, ки ба иттилои давлатие даст ёфтааст, ки нишон медиҳад ба эҳтимоли зиёд нахустин маврид ё мавридҳои тасдиқшудаи гирифторӣ ба вируси нави корона дар 17-уми ноябр ба қайд гирфта шудааст.  

pressa.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ