Рӯзҳои наздик намоиши сериал бо номи «Сабру садоқат» оғоз мешавад

Аз ҷониби АМ «Ӯзбеккино» бахшида ба 100-солагии нависандаи Халқи Ӯзбекистон Саид Аҳмад сериали 5-қисмаи «Сабру садоқат» филмбардорӣ шуд. Он дар бисёр каналҳои телевизионии давлатию нодавлатии Ӯзбекистон намоиш карда мешавад. Сериал лоиҳаи махсуси АМ «Ӯзбеккино» буда, ба ҳаёти завҷаи нависанда Саида Зуннунова бахшида мешавад. Дар филм оиди меҳр-муҳаббат, сабр, матонати пурқувват, иродаи мустаҳкам, ғурури баланд ҳикоя карда мешавад. Режиссёри сериал Х.Бобоқулов мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ