Аз 15-уми июн ташкилотҳои таълими томактабӣ ба фаъолият сар мекунанд

Бо қарори Комиссияи махсус аз 15-уми июни соли ҷорӣ дар минтақаҳои «сабз» 🟢 ва «зард» 🟡 ба фаъолияти ташкилотҳои таълими томактабӣ рухсат дода мешавад.

Дар раванди ташкили фаъолияти ташкилотҳои таълими томактабӣ:

➖ ташкили машғулотҳо дар гурӯҳҳо бо иштироки на беш аз 15 нафар;

➖ мунтазам дизенфексия кардани БИНОҲОИ ташкилотҳои таълими томактабӣ, бо пирометрҳо, воситаҳои антисептикӣ ва масолеҳи дизенфексионӣ таҷҳизонидани даромадгоҳ ва роҳҳои баромади онҳо;

➖ аз ниқобҳои тиббӣ ва дастпӯшакҳои тиббӣ истифода бурдани кормандон ва масофаи иҷтимоиро нигоҳ доштани онҳо;

➖ ҳангоми санҷидани ҳарорати корманд ва тарбиядиҳандагон таби онҳо 37°С ва аз он баланд будани ҳарорат, муайян гардидани аломатҳои инфексия, ба машғулотҳо роҳ надодани онҳо талаб карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ