Дар Ветнам меҳмонхонаи бо оби тилло ородода кушода шуд

Дар пойтахти Ветнам — Ханой меҳмонхонаи панҷситорагии «Bolce Hanoy Golden Lake» кушода шуд. Тарафи эътиборнокиаш дар ҳамин, ки даруну беруни меҳмонхона бо оби зар оро дода шудааст. Дар сомонаи расмии муассиса гуфта мешавад, ки тамоми ҷиҳозҳои мебел, косаву табақҳо ва ҷиҳозҳои 342 хона ҳам аз тиллои тоза коркард шудааст. Меҳмонхона дар давоми 10 сол бунёд гашта, он 25 ошёна мебошад. Нархи истиқомати шабонарӯзаи хонаи он 250 доллар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ