Хонае, ки дар он китоб нест…

Нотиқ ва файласуфи Юнони Қадим Марк Тулий Ситсерон (106-43 пеш аз мелод) дар оилаи човандози бадавлат ба дунё омадааст. Вай дар Рим таҳсил гирифта, санъати наттоқӣ ва забони лотиниро омӯхтааст. Ҳамчун сафир хизмат ҳам кардааст. Бар зидди истибдоди давлатдорон нутқҳои оташин кардааст. Баъди вафоти духтараш – Туллия маъюсу музтариб гашта, ба илми фалсафа машғул шудааст.
Фаъолияти сиёсӣ ва нутқҳои ӯ боиси ҳалокати файласуф шуданд. Ба ташаббуси Антони – набераҷияни Юлий Сезар вай ба қатл расонида мешавад.
Аз мероси Марк Тулий Ситсерон 19 асар бахшида ба сиёсат, фалсафа ва санъати наттоқӣ, 58 нутқ ва зиёда аз 800 мактуб то ҳол маҳфуз аст.
Сарфакорӣ – манбаи муҳими некӯаҳволӣ.

Фикрҳое, ки дертар ба майна меоянд, одатан оқилонатар мешаванд.

Иттифоқи ақди никоҳ – зинаи аввалини ҷамъияти инсонӣ.

Дар дунё аз дӯстӣ дида, чизи беҳтар ва хушояндтар нест: дӯстиро аз ҳаёт истисно кунем – ин ба монанди оламро аз нури офтоб маҳрум кардан аст.

Душманон ҳамеша ҳақиқатро мегӯянд, дӯстон – ҳаргиз.

Ғазаб – оғози беақлӣ.

Пул – ҷанги асабҳо.

Духтури поквиҷдон, пеш аз он, ки ба бемор даво таъин намояд, бояд на танҳо бемориҳои ӯ, балки одатҳои дар вақти сиҳат буданаш ва хусусиятҳои бадашро низ донад.

Хонае, ки дар он китоб нест, баданеро меомонад аст, ки аз рӯҳ маҳрум аст.

Агар дард пуразоб бошад, вай давомдор нест, вале агар давомдор бошад, он озордиҳанда нест.

Ҳаёт кӯтоҳ, вале шаъну шӯҳрат ҷовидон шуда метавонад.

Ҳаёти мурдагон дар хотираи зиндагон давом меёбад.

Қонунҳо барои некӯаҳволии шаҳрвандон кашф карда шудааст.

Омӯзишу назорати табиат илмро ба вуҷуд овардааст.

Ҳақиқат худашро худаш муҳофизат менамояд.
Ҳар як инсон – олами ботинии худро инъикос менамояд. Одам чӣ хел андеша кунад, дар ҳаёт ҳам, ӯ ҳамон хел аст.
Вақте ки аслиҳаҳо ба забон медароянд, қонунҳо хомӯш мешаванд.

Дар айни замон, вақте ки бо ҳеҷ чиз болида натавонанд, бо хизматҳои дирӯза ифтихор мекунанд.

Тамаллуқ – ёрдамчии бадкорон.

Дурӯғгӯ ҳатто рост гӯяд ҳам, мо бовар намекунем.

Таҳия ва тарҷимаи Бахтиёри ҶУМЪА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ