Дар 482 гектар майдон маскани сайёҳии замонавӣ сохта мешавад

Президент Шавкат Мирзиёев бо иштироки роҳбарону муттасаддиён ва фаолону нурониёни ноҳияи Олмазор вохӯрӣ гузаронд.
Қайд гардид, ки дар бозори Чорсу, Зарқайнар, Сағбон, Себзор, Корасарой, Гузалбоғ ва дигар кӯчаву маҳаллаҳо ҳамагӣ дар масоҳати 482 гектар майдон маскани сайёҳии замонавӣ ва савдову истироҳатӣ — музейи зери осмони кабуд сохта мешавад.
Инчунин, дар ин ҷо дӯконҳои ҳунармандӣ, тарабхонаву чойхонаҳо ва меҳмонхонаву осорхонаҳои хурд барпо мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ