Вазорати молия миқдори қарзи давлатии Ӯзбекистонро ошкор кард

Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020 бино ба ҳисобу китоби нахустини боқимондаи қарзи аз номи ҳукумати Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва зери кафолати давлат ҷалбкардашуда 18,2 миллиард эквиваленти доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё ин ки нисбат ба Маҳсулоти умумии дохилӣ (МУД) 31,3 фоизро ташкил намуд. Дар ин бора Вазорати молияи Ӯзбекистон маълум кард. Хусусан, дар чоряки 1 қарзи берунаи давлатӣ ба 0,5 миллиард доллари ИМА ё ин ки нисбат ба аввали сол ба 2.9 фоиз афзуда, ба ҳолати 1-уми апрели соли ҷорӣ ба 16,11 миллиард доллари ИМА ё ин ки нисбат ба МУД ба 27,7 фоиз расид. Аз ин: қарзи берунаи аз номи ҳукумат ҷалбкардашуда — 10,9 миллиард доллари ИМА; қарзи берунаи кафолаткардаи ҳукумат — 5,2 миллиард доллари ИМА. Қарзи дохилии давлат 20,01 триллион сӯмро (2,1 миллиард доллари ИМА) ё ин ки нисбат ба МУД 3.6 фоизро ташкил кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ