Дар Тоҷикистон боз як нафар аз коронавирус вафот кард


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон охирин омори гирифторони коронавирус дар кишварро нашр кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорат шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 61 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, шумори умумии гирифторон сар аз эълони ин беморӣ дар ин кишвар ба 5221 нафар расид.
Манбаъ мегӯяд, бо нишонаҳои ин беморӣ то ҳол 51 нафар фавтидаву 3700 (70.8%) нафар шифо ёфтаанд.
Ба иттилои вазорат, ки ҳоло дар Тоҷикистон 310 нафар зери назорати табибон қарор дошта, давоми як шабонарӯзи охир 76 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Ба таъкидиманбаъ имрӯзҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ шуда, дар 85 беморхонаи ин ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ