«Хонаҳое, ки таъмир шуданд мегӯем, ҳоло таъмир нашудаанд»- Ботир Парпиев корҳоро аз рӯи тамоюли «Хонадони обод» танқид кард


Ҷонишини вазири дастгирии маҳалла ва оила Ботир Парпиев камбудиҳоро дар корҳое, ки аз рӯи тамоюли «Маҳаллаи обод — кӯчаи обод — хонадони обод» иҷро карда шуд, номбар кард. Вай қайд кард, ки бар асоси ин тамоюл, дар навсозии манзил дар маҳаллаҳо, ки ба таъмир ниёз доранд, ба сусткашӣ роҳ дода мешавад.
«- Мувофиқи нақша, агар як хона дар як маҳалла дар як рӯз таъмир карда шуда бошад, дар ҷумҳурият ҳамагӣ 9145 то хонадон дар як рӯз таъмир карда шуданаш лозим буд. Аммо аз 10-уми июн то 16-уми июн танҳо 13984 то хонадон таъмир карда шудааст.

Ин рақамҳо дар шаҳри Тошканд 38 то, дар вилоятҳои Қашқадарё 72 то, дар Сирдарё 141 то, дар Сурхондарё 360 то ва Ҷиззах 411 торо ташкил мекунад.
Баъзе хонадонҳое, ки дар маълумот таъмир карда шуд гуфта мешавад, дар асл ҳоло таъмир нашудааст » — гуфт ӯ дар ҷамъомади видеоии Вазорати дастгирии маҳалла ва оила.
Инчунин, қайд гардид, ки дар маҳаллаҳо 3484 нафар бекорон муайян карда шуда, 353 нафарашон бо ҷойи кор таъмин шуданд, ба 50 нафар аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ кредитҳои имтиёзнок пешниҳод карда шуд, ба 259 нафар барои давом додани кори мустақилона кӯмак расонида шуд ва ба 37 нафар субсидия ҷудо гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ