Мутахассиси Чин: Интиқоли коронавирус аз тариқи маҳсулоти ғизоӣ исбот нашудааст


Фэн Лучжао, пажӯҳишгари Маркази назорат ва беҳсозии (профилактика) бемориҳои Чин гуфт: Ягон далеле нест, ки интиқоли коронавирус аз тариқи маводди ғизоӣ, аз ҷумла, маҳсулоти дарёиро таъкид кунад.
Бино ба гузориши хабаргузории Синхуа, дар пайи пажӯҳишҳо маълум шуд, ки коронавирус асосан аз тариқи аэрозол ва тамоси тӯлонӣ интиқол меёбад. Ба гуфтаи мутахассиси чинӣ, асосан тамоси тӯлонии одамон дар дохили бинову сохтмонҳо, ки аэрозол дар ҳавои он ҷо тамаркуз ёфтааст, хатари сирояти коронавирусро дорад.
Бо вуҷуди ин ҳама Фэн Лучжао таъкид мекунад, ки мардум ҳамеша ба тозаву покии маводди ғизоӣ таваҷҷӯҳ кунанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ