Ҷаҳонро бӯҳрони нави иқтисодӣ интизор аст: чӣ бояд кард?

Пандемияи коронавирус барои аҳли ҷаҳон санҷиши вазнин гардид. Бӯҳрони глобалие, ки ба миён омад, ба иқтисодиёти тамоми мамлакатҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Бино ба пешгӯиҳои Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон ба 5,2 фоиз, дар ИМА ба 6,1 фоиз, дар Русия ба 6 фоиз, дар Иттифоқи Европа ба 9,1 фоиз кам гардиданаш мумкин аст. Ҳамзамон, афзоиши иқтисодӣ дар Хитой 1 фоиз ва дар Ӯзбекистон 1,5 фоиз тахмин карда мешавад. Аз сабаби пандемияи коронавирус дар иқтисодиёти ҷаҳон соҳаҳои автомобилсозӣ, авиакомпанияҳо, туризм ва саноати энергетика зарари ҷиддӣ диданд. Нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии ҷаҳонӣ аз 2,5 фоиз то 1,3 фоиз паст шуд.
Аз сабаби бӯҳрон қариб 80 фоизи ҷойҳои кории ҷаҳон аз байн рафт. Аз рӯйи ҳисобҳо дараҷаи бекорӣ дар сатҳи глобалӣ ба 25 фоиз афзуда, ҳаҷми тиҷорати ҷаҳонӣ то 35 фоиз кам мешавад. Эҳтимол меравад, ки дар сатҳи ҷаҳон камбағалӣ то 50 фоиз зиёд гардад. Бояд гуфт, ки бӯҳрони иқтисодии дар натиҷаи эпидемияи COVID‑19 ба миён омада аз лиҳози доира ва ҳаҷм ваҳмангезтар аз бӯҳронҳои иқтисодии қаблӣ ба шумор меравад. Дар чунин вазъият ба 1,5 фоиз инкишоф ёфтани иқтисоди Ӯзбекистон дар кадом асос пешгӯӣ карда мешавад?
Бар зидди бӯҳрони иқтисодӣ чӣ гуна чораҳо андешида мешаванд?
– Имрӯзҳо бо мақсади нарм кардани оқибатҳои бӯҳрони иқтисодӣ, пешгирии паст шудани даромади аҳолӣ ва барои ин пеш аз ҳама доир ба дастгирии тадбиркорон ва ихтисор намудани камбизоатӣ чорабиниҳои амиқ ва мақсаднок амалӣ мегардад, – мегӯяд вазири рушди иқтисодӣ ва ихтисори камбизоатӣ Ҷамшед Қӯчқоров. – Дар се моҳи гузашта ба шохаҳои иқтисодӣ ба миқдори 2,3 триллион сӯм аз андоз имтиёз дода шуд ва аз тарафи Хазинаи мубориза алайҳи бӯҳрон 3,6 триллион сӯм ҷудо гардид. Барои таъмини суръати инкишофи иқтисодиёт дар соли ҷорӣ имкониятҳо фароҳам оварда мешавад. Ин ҳама чорабиниҳо дар асоси таъмини устувории иқтисодиёт ва буҷет, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва афзунсозии таъмини шуғли аҳолӣ, суръатбахшии ислоҳотҳо дар сохтори бонк, бевосита зиёд кардани инвеститсияҳои хориҷӣ, афзунсозии салоҳияти экспорт ва таъмини даромади асъор, пурзӯрсозии рақобатпазирӣ дар саноат, рушди тиҷорати хурд ва дар ҳамаи соҳаҳо ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ татбиқ карда мешавад.
Бобати мутаносибгардонии даромад ва хароҷоти буҷет корҳо идома доранд. Таъмини даромади иловагӣ тавассути барқарор кардани фаъолияти корхонаҳо ва такмили маъмурикунонии андоз набояд аз ҳадди муқарраркардаи муомилоти қарзи беруна зиёд бошад.
Соли ҷорӣ барои барқарорсозии 810 ҳазор ҷойҳои корӣ, ташкили 310 ҳазор ҷои кори доимӣ ва 633 ҳазор ҷойҳои кории мавсимӣ чорабиниҳо амалӣ мегарданд.
Инчунин, дар асоси қарори Президенти мамлакат аз 8-уми июни соли ҷорӣ «Дар бораи чораву тадбирҳои содда кардани ба тартиб даровардани фаъолияти тадбиркорӣ ва бошуғлфарогирии худ аз тарафи давлат», адади навъи фаъолияти бошуғлфарогирӣ аз 24-то ба 67-то зиёд карда шуд.
Салоҳияти экспорт чӣ хел аст?
– Дар шароити пандемия афзун сохтани экспорт ва таъмини даромади асъор масъалаи муҳим ба шумор меравад, – мегӯяд вазири инвеститсияҳо ва савдои хориҷӣ Сардор Умрзоқов. – Якбора кам гардидани талабот дар бозорҳои хориҷӣ ба корхонаҳои содиротӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар натиҷаи ба анҷом расонидани корҳои мақсаднок бо ҳар як корхонаи содиротӣ, ки айни ҳол дар мамлакат адади чунин корхонаҳо ба 6000-то наздик аст, дар 33 фоизи онҳо муаммоҳо аниқ гардид ва бобати бартараф кардани онҳо корҳо идома доранд. Барои фаъолияти корхонаҳо қариб 4 трлн. сӯм кредит ҷудо карда шуд. Аз кишварҳои хориҷӣ мутахассисон даъват гардида, бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои содиротӣ кор бурда мешавад. Соли ҷорӣ даромади содиротии кишварро ба 17 миллиард доллари амрикоӣ расонидан ба нақша гирифта шудааст. Аз ин рӯ, ғояҳо ва лоиҳаҳои нави тамоми соҳибкорон омӯхта мешаванд.
Имкониятҳо пурра истифода нашудаанд
Мо дар саноат имконияти калон дорем. Аммо суръати рушд дар шохаҳо паст аст. Дар баъзе соҳаҳо занҷири ягонаи коркарди амиқи ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти арзиши иловашуда мавҷуд нест. Масалан, коркарди мис ба 25 фоиз ва истеҳсоли абрешим ба 20 фоиз ҳам намерасад.

Ҳамкории байнисоҳавӣ низ пурра ба роҳ монда нашудааст. Аз ҷумла, тавассути ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаи электротехника ва кишоварзӣ ҳадди аққал 80 миллион долларина маҳсулот истеҳсол кардан мумкин аст. Ё саноати кимиё метавонад нахи синтетикӣ ва полиэстерро барои соҳаи бофандагӣ таъмин кунад, ё ки барои саноати хӯрокворӣ ароматизаторҳо расонида диҳад. Аз ин рӯ, таҳияи Стратегияи сиёсати саноатӣ барои ба роҳ мондани интиқоли технологияҳои замонавӣ, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва рақобатпазирии соҳаҳо зарур аст.
Истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ меафзояд
Новобаста аз таъсири пандемия дар мамлакат бобати тат­биқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи хӯрокворӣ, афзунсозии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти экспортӣ ва маҳсулоти ивазкунандаи импортӣ корҳои назаррас амалӣ мегарданд. Дар моҳҳои январ-­майи соли 2020 бо дастгирии ширкати «Ўзбек­озиқовқатхолдинг», инвесторҳо ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ 50-то лоиҳаи ҳудудии дорои арзиши умумии 268,2 млрд сӯмина ба кор дароварда шуд. То анҷоми сол дар асоси лоиҳаҳои ҳудудӣ ба кор даровардани қариб 350-то корхонаҳои хӯрокворӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар соҳаи хӯрокворӣ аз ҳисоби маблағҳои бевоситаи инвеститсионӣ татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои ҳудудӣ барои рушди иҷтимоӣ-­иқтисодии мамлакат, созмони нерӯҳи нави истеҳсолӣ ва ҷойҳои корӣ, такмилдиҳии инфрасохторҳо ва сатҳи фаровонии рӯзгори мардум кӯмак мекунад.

Нилуфар ЮНУСОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ