Дар Чин дувумин марҳилаи озмоиши ваксинаи зидди COVID-19 оғоз шуд


Дар чин дувумин марҳилаи озмоиши ваксина бар зидди коронавируси нав дар организми инсон оғоз шуд. Ваксина дар пажӯҳишгоҳи биологияи тиббии Фарҳангистони ъулуми тибби Чин сохта шудааст. Дар ин бора рӯзномаи “Кэсзи жибао” навиштааст.
Дар марҳилаи дувум олимон вокуниши (реаксия) иммуни инсон ба ваксина ва бехатар будани он барои саломатӣ озмоиш мешавад. Озмоиш дар вилояти Юннани воқеъ дар ҷануби ғарбии Чин баргузор мегардад.
Бар асоси додаҳои вазорати ъулум ва технологияҳои Чин, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 5 навъи ваксина таҳти озмоиш қарор дорад. 40 дарсади кулли таҳияи ваксинаҳоро дар ҷаҳон Чин анҷом медиҳад.
Манбаъ: russian.news.cn

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ