Даниел Дефо, нависанда, ҷосус ё…

Ба маънии васеаш ба мафҳуми «разведка» на танҳо оне дохил мешавад, ки мо онро одатан ҷосусӣ меномем, яъне ба даст овардани маълумот дар бораи душмани ҳақиқӣ ё эҳтимолӣ. Дар байни дигар маъноҳо боз мафҳуме ниҳон аст, ки онро «чорабиниҳои фаъолона» — ба душман ва ба афкори умум ақидаи худро зӯран талқин кардан — мегӯянд. Яке аз намояндагони барҷастаи ин тарзи разведка Даниел Дефо, муаллифи китоби машҳури «Робинзон Крузо» ва бисёр дигар асарҳои фаромӯшшуда, ба ҳисоб меравад.
Вай соли 1660 дар Сити, маркази Лондон, ба дунё омадааст. Дар парваришгоҳ ва академияи динӣ таҳсил намудааст. Забонҳои англисӣ, франсузӣ, испанӣ ва италяниро аъло медонист, аз русӣ низ огоҳӣ дошт. Фалсафа, таърих, ҷуғрофияро хуб омӯхт, бо стенография низ машғул мешуд. Нахуст касби падарро даст гирифта, ба тиҷорат пардохт. Ба гуфтаи худаш 13 маротиба бой ва муфлис шуд. Ҳамаи шаҳрҳои Франсия, Италия, Испания ва Португалияро гашт, ҳатто ба дасти роҳзанҳои баҳрӣ ҳам асир афтод.
Аз баҳри тиҷорат гузашту рӯ ба журналистӣ овард. Аз сабаби он ки тамоми нозукиҳои мазҳабҳои дини масеҳиро медонист, бар зидди баъзе рӯҳониҳои мазҳаби пресвитерианӣ памфлетҳои сиёсӣ навишт ва бо шоҳзодаи голландӣ Вилгелм Оранский, ки баъдтар шоҳи Англия Вилгелми III қаробат пайдо кард, бо вазир Роберт Гарлей дӯст шуд. Вале шоҳ аз асп афтоду мурд ва малика Анна ба тахт нишаст. Дар ин муддат Дефо ду памфлет чоп кард, аммо маълум намешуд, ки ӯ тарафдори протестантҳост ё муқобилашон. Бар зидди Даниел ҳам протестантҳои устувор ва ҳам ҷудоихоҳон бархостанд. Маҷбур шуд, ки пинҳон шавад. Ба имдодаш лорд Гарлей расид. Дефоро барои худ мушовир гирифт. Вай бо супориши лорд нуқтаи назари ҳукуматро дар ҳамаи рӯзномаҳо вобаста ба масъалаҳои сиёсӣ, динӣ ва иҷтимоӣ баён мекард.
Дар соли 1704 Дефо рӯзномаи худро таъсис дод бо номи «Назарандозӣ», ки 9 сол умр дид. Дар рӯзнома озодӣ ҳукм меронд, мақолаҳои мухталифақида ба нашр мерасиданд. Барои ҳизбҳои консерватору либералҳо минбари баёни ақидаҳо буд. Лорд Гарлей ҳамчун «одами Анна» консерватор буду Дефо манфиатҳои буржуазияи миллиро намояндагӣ мекард. Аммо дар рӯзнома мақолаҳоро тавре омода месохт, ки ҳама ба манфиати ҳукумат буд.
Тирамоҳи соли 1706 Дефо аз лорд Гарлей супориши махсусан ҷиддӣ гирифт. Вай ба Эдинбург, пойтахти Шотландия, ки он вақт давлати соҳибихтиёр буд, сафар кард, то ки вазъи сиёсии ин кишварро хуб омӯхта, бо ёрии газетааш барои муттаҳид шудани Англияю Шотландия «чорабиниҳои фаъолона» гузаронад. Даниел аз соли 1706 то 1714 ҳабдаҳ маротиба сафари иктишофӣ кард ба Шотландия. Аз мақсади гурӯҳҳои зиёди зиддимуттаҳидӣ бохабар гашта, дар рӯзнома бар муқобили онҳо мақолаҳо ба нашр мерасонд. Бо мардум суҳбат меорост, то ки дили онҳоро ба муттаҳидшавӣ моил созад ва ба ин маърака садҳо нафарро сафарбар менамуд. Мақолаҳоеро, ки бар зидди муттаҳидшавӣ аз тарафи англисҳо, дарбори англисҳо ва шотландиҳо чоп мешуданд, зери танқид мегирифт. Агар калисои шотландиҳо низ ба муттаҳидгардӣ сухане меронд ё ягон маъракаи махфӣ мебурд, аз тарафи Дефо фош ва зери тозиёнаи танқид меафтод.
Ғояи ваҳдатро дар рӯзнома чунон тарғибу ташвиқ намуд ва душманони ин ақидаро ба тавре шарманда кард, ки оқибат Шотландия ба афкори умум сари таъзим фуруд овард ва бо Англия иттиҳод баст. Баҳори соли 1707 миссияи Даниел Дефо олӣ анҷом пазируфт: порлумони ҳар ду халқ муттаҳид шуд. Ҷосусии Даниел Дефо ба манфиати малика Анна ва бар зидди даъвогари тоҷи шоҳӣ Яков Стюарт идома ёфт, вале чопи памфлетҳои «Агар малика бимирад?» ва «Нохост довталаби тахт биояд?» варо ба зиндон ҷой кард. Дефоро барои ошӯбгарӣ ва бадбахтӣ хостан ба малика, ки воқеан мариз буд, гунаҳкор донистанд. Гарлей ӯро аз зиндон баровард, вале дере нагузашта Анна мурд ва намояндаи сулолаи Ганноверҳо Георги I (немис, ки як калима англисӣ намедонист) ба тахти шоҳӣ нишаст ва Гарлейро ба зиндони Тауэр партофт. Даниел Дефо қарзашро дар назди Гарлей пурра бо навистани хотираи сеҷилда анҷом дод.
Соли 1719 барои чопи памфлетҳо Дефоро аз навистани мақолаҳои сиёсӣ манъ карданд. Ин барои адабиёти ҷаҳонӣ хуб шуд, зеро баъди ду моҳ «Робинзон Крузо» ба дасти хонанда расид. Муваффақи

ят беназир буд. Сипас, романҳои «Фернандес», «Рухшона», «Таърихи холисонаи Пётр Алексеевич» ва ғайраҳо ба нашр расиданд. Адиби оламшумул 24 апрели соли 1731 дар синни 72 аз дунёи фонӣ рахти сафар баст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ