Эрон: дар 24 соати гузашта 2 456 бемори нави COVID-19 аниқ гардид

Симосодоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе дар бораи охирин омори беморони COVID-19 дар ин кишвар ба расонаҳо иттилоъ дод.
Ба гузориши манбаъ, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 456 бемори нави COVID-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 139 нафар бистарӣ шуданд ва бақияи беморон низ пас аз муоина, давраи дармонро дар хонаҳояшон хоҳанд гузаронд.
Лорӣ гуфтааст, маҷмӯи беморони COVID-19 дар Эрон ба 220 ҳазору 180 нафар расидааст.
«Дар 24 соати гузашта 125 нафар аз беморони COVID-19 дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 10 ҳазору 364 нафар расид», — афзуд ӯ.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 180 ҳазору 661 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо рухсат ёфтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ