Мушовири сарвазири Қирғизистон гирифтори бемории коронавирус гардид

Артем Новиков мушовири сарвазири Қирғизистон низ гирифтори маризии сироятии коронавирус гардидааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Ба иттилои манбаъ, дар баробари мушовири сарвазир ду намояндаи дастгоҳи президент низ мубталои ин вирус шуданд.
«Ташхиси мушовири сарвазирро ба хотири тамос доштанаш ба нафарони бемор гирифта шуд ва натиҷаи он мусбат баромадаст», — таъкид мешавад дар хабар.
Ҳамчунин мубталошавии сардори шӯъбаи корҳои ташкилию нозирӣ ва рушди минтақавӣ Жетиген Бакиров ва сардори шӯъбаи саноат, комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ Маратбек Чолпонқулов ошкор карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба далели ошкор шудани вируси COVID -19  дар миёни ду узви ҳайати ҳукумат, ки кишвардорро барои таҷлил аз Рӯзи Ғалаба дар Русия ҳамроҳӣ мекарданд, дар чорабинии тантанавӣ иширок накард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ