Аксари мардуми Русия ба ислоҳи сарқонуни кишварашон овоз доданд


Рӯзи гузашта дар Русия овоздиҳӣ ба ворид кардани тағйирот ба сарқонуни кишвар баргузор шуд. 77,92 дарсади ширкаткунандагон ин ташаббусро пуштибонӣ карданд. 21,26 дарсад зидди ислоҳи сарқонун буданд.
Бино ба хабари “Коммерсантъ”, минтақаи мухтори Ненеский ягона ҳудуде, буд, ки аксари мардум – 54 дарсад ба ворид кардани тағйирот ба сарқонун мухолиф буданд. 45 дарсади мардуми ин ноҳия тарафдори тағйирот буданд.
Дар Чеченистон ва Тува сатҳи болотарини пазироии тағйирот дар сарқонун мушоҳида шуд. 98 дарсад дар Чеченистон ва 97 дарсад дар Тува тарафдори тағйирот буданд.
Дар Маскав 66,1 дарсад мувофиқи тағйирот ва 32,9 дарсад мухолифи он буданд.
Ёдовар мешавем, яке аз тағйироти пешниҳодшуда дар сарқонуни Русия ба Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар иҷозаву имкон медиҳад, ки то соли 2036 дар сари қудрат бимонад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ