Чаро нархи маҳсулоти хӯрокворӣ қимат?

Ҳафтаи гузашта Кумитаи статистикаи давлатӣ барои муайян намудани нархи маҳсулоти хӯроквории бозорҳои калони мамлакат кори назоратӣ бурд. Ходимони кумита дар бозорҳои деҳқонии пойтахт ва се-­чор бозорҳои калони дигар шаҳрҳо назорат гузаронданд. Бино ба натиҷаи назорат дар бозорҳои деҳқонии мамлакат нархи хӯрокворӣ ба дараҷаи назаррас боло рафтааст. Барои мисол нархи минималии 1 кило гӯшт (ба ғайр аз гӯшти беустухон) дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуд (ҶММ) – и шаҳри Нуқус – 38000 сӯм шуда бошад, нархи максималии 1 килои гӯшт дар ҶММ‑и «Олой деҳқон бозори» ва «Фарҳод деҳқон бозори»-и пойтахт 65000 сӯм қайд гардидааст. Нархи 1 килои гӯшти гӯсфанд дар бозорҳои мамлакат аз 39000 то 75000 сӯм фурӯхта мешудааст.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи статистикии давлатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нархҳо ва тарифҳои истеъмолии бозор ба ҳисоби миёна ба 4,6 фоиз афзудааст. Соли ҷорӣ суръати инкишофи миёнаи нархи молҳо ва хизматҳо нисбати соли 2019 14,2 фоизро ташкил кардааст.
Мо бо нархи маҳсулоти деҳқонии бозорҳои ҶММ‑и «Сиёб деҳқон бозори» ва «Темир йӯл деҳқон бозори»–и шаҳри Самарқанд шинос шудем. Мардум барои хариди маҳсулоти тару тоза ва арзон ба бозорҳо мераванд. Мо шоҳиди он гардидем, ки ҳоло нархи маҳсулоти растаҳои бозор аз дӯконҳои калони хӯроквории шаҳр қимат аст, ки арзон нест.

Дар растаҳои бозорҳои шаҳр нархи баъзе маҳсулоти деҳқонӣ дар моҳи июл, ки вақти серобии маҳсулот мебошад, чунин аст:
1 кг. гӯшти гов – аз 45000 то 55000 сӯм;
1 кг. биринҷ – аз 6000 то 13000 сӯм;
1 литр равғани растанӣ – аз 9000 то 13000 сӯм;
1 халта орд – аз 150000 то 300000 сӯм;
1 кг. картошка – 1500-5000 сӯм;
1 кг. пиёз – 500-2000 сӯм;
1 кг. сабзӣ – 1000-2500 сӯм;
10 дона тухм- 8000 то 10000 сӯм;
1 кг. лӯбиё – 25000-29000 сӯм;
1 кг. нахӯди хом – 5000-10000 сӯм;
1 кг. марҷумак (гречиха) – 15000-17000 сӯм;
1 кг. мош – 8000-11000 сӯм;

Фикри чанд нафар харидорро дар бораи нархи маҳсулот пурсидем:
Муродим УМРЗОҚОВ, собиқадори меҳнат аз шаҳри Самарқанд:
– Аз нимаи дуюми моҳи март нархи хӯрокворӣ дар бозору дӯконҳо якбора боло рафт ва то имрӯз паст намефарояд. Деҳқонҳо аз сабаби қимат будани хизмати таксию «дамас»-ҳо нархи маҳсулоташонро қиматтар кардаанд. Боз як ҷиҳати қиматшавии меваю сабзавот дар бозорҳо ҳамин, ки «бозорчи»- ҳо маҳсулотро аз дасти деҳконон арзон харида, қимат мефурӯшанд. Масалан, килои олуболуро 5000 сӯм харида, онро 6500-7000 сӯмӣ мефурӯшанд.
Аҳрор ҶАЛОЛОВ, сокини ноҳияи Самарқанд:
– Ман маҳсулоти деҳқониро бештар аз ҶММ «Янги бозор»- и шаҳри Самарқанд мехарам. Дар ин бозор деҳқонон маҳсулоти деҳқонии бо мошини боркаш овардаи худро бо нархи аз нархи бозор арзон, ба зудӣ фурӯхта мераванд. Зеро онҳо барои аз кор намондан маҳсулотро яклухт фурӯхта бармегарданд. Ба қарибӣ аз чунин онҳо як қуттии хурд (12 кило) ангури сиёҳро 3000 сӯмӣ харидам. Баъди ман як марди «бозорчи» қариб 20 қуттиро бо кашмакашиҳо 2900 сӯмӣ харид. Баъди якчанд соат бинам, ҳамин фурӯшанда 1 кг. ангурро ба харидорон «Худам 5000 сӯм харидам» гӯён 6000 сӯмӣ мефурӯхт. Ман савдогаронро ҳурмат мекунам. Зеро онҳо маҳсулотро аз ҷойи «сероб» харида, ба маҳалу гузарҳо бурда фурӯхта, бо ин роҳ пул меёбанд, ки ҳалолашон бод. Аммо нисбати «хариду фурӯш»-ҳо ин суханро гуфта наметавонам. Зеро онҳо бо мақсади манфиати шахсӣ ба қиматшавии маҳсулот хизмат мекунанд. Ба онҳо Офаридгор инсоф диҳад.
Наргиза АШӮРОВА, собиқадори меҳнат аз ноҳияи Ҷомбой:
– Қиматшавии нархи маҳсулоти деҳқонӣ осону арзон шудани он мушкил будааст. Ба умеди арзонтар харидани маҳсулоти деҳқонӣ ба бозори Сиёб омада харид мекунам. Дафъаи гузашта аз як фурӯшандаи худобехабар картошка харида будам. Вай «Холаҷон, холаҷон аз ман картошкаи бомаза гиред! – гӯён ба зудӣ картошка баркашида дод. Дар болои халта картошкаҳои калон – калони нағз буд. Хона рафта бинам, дар байни 4 кило картошка якчандто картошкаҳои буридаю обаш гурехтаро ҳамроҳ кардааст. Ғайр аз ин вазнаш кам барин намуду бар кашам 300 грамм кам баромад. Ман ҳам имрӯз дар хариди маҳсулот боэътибортар шудам.

Ҷамшед ОБИДОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ