Ривоҷи соҳаи чорводорӣ ба базаи хӯрокаи он вобаста аст

Раиси хоҷагии фермерӣ Ҳамза Салоевро аз хонааш дар маҳаллаи Даштиободи ноҳияи Самарқанд наёфтем. Ҳозир хонаи онҳо ҷойи корашон аст. Бинобар ҳамин, ба сари кораш раҳсипор гардидем. Хоҷагии фермерии ӯ 2-3 километр дуртари аз он тарафи Дарғам ҷойгир аст. Ғаллазори хоҷагӣ холӣ. Аллакай онро даравида, ҳосилашро ба давлат супурдаанд. Ҳаво гарм бошад, ки дар саҳроҳои замини ӯ авҷу барори кор ҳис карда мешуд. Ӯ саргарми обёрии алафи юнучқа будааст.
Пештар дар ин ҷо падараш кор мекард. Падари ӯ – Баҳрӣ Салоев аввал дар хоҷагии ҷамоавии собиқ «Ленин байроғи» чандин сол механизаторӣ кард. Баъд ба кори деҳқонии хоҷагӣ гузашт. Солҳои навадуми асри гузашта ҳаракати фермерӣ авҷ гирифт ва Баҳрӣ Салоев ҳам аз пайи ташкили чунин хоҷагӣ шуд. Бо давутози зиёд ду гектар замин гирифта, соли 1994 хоҷагии фермерии «Меҳроҷ»-ро ташкил кард. Ба парвариши гову гӯсола машғул шуд. Вале замини ҷудокардаи ҳокимияти ноҳия барои тайёр кардани хӯроки чорво намерасид. Давутозҳои зиёди ӯ бенатиҷа анҷом ёфтанд. Бо вуҷуди он, молхона сохта, гову гӯсолаҳои зиёде харид ва кори хоҷагиро ба роҳ монд.
Соли 2005 баъди вафоти падар кори ӯро писари хурдии хонадон Ҳамза Салоев ба ӯҳда гирифт.
Ҳоло дар ихтиёри ӯ 4,6 гектар замин мавҷуд аст. Дар ду гектар ғалла мекорад. Ду гектар юнучқазор барои чорвост. 40 хол токзор дорад ва ба 20 хол замин сабзавот парвариш мекунад. Аъзои хоҷагиаш се нафаранд.
Самти асосии хоҷагии фермерии «Меҳроҷ» чорвопарварӣ мебошад. Бинобар ҳамин, хоҷагӣ 35 сар моли калони шохдор ва қариб 50 сар бузу гӯсафанд дорад.
Молҳои хоҷагӣ асосан молҳои зоти маҳаллӣ мебошанд. Говҳои ҷӯшоиашон 11 сар аст. Ҳоло аз 6 сари он шир меҷӯшанд. Боз 5 сар модагови хоҷагӣ рӯзҳои наздик бача мекунанд. Аз ҳар сар модагов соле ба ҳисоби миёна 8,5-9 тонна шир мегиранд. Ҳоло, ки заводҳои ширқабулкунӣ маҳсулоти хоҷагиро намегиранд, онро дар бозор мефурӯшанд ва чакка карда, ба магазинҳо месупоранд.
– Молпоӣ душвор аст, – мегӯяд Ҳамза Салоев. –Бинобар ҳамин, бузу гӯсфанд ва қисми асосии гову гӯсолаҳоро дар кӯҳ мепоем. Аз мавзеи Илонсой ҳам се гектар замин дорем. Бо вуҷуди он, хӯроки молҳо намерасад. Барои гирифтани 20 гектар замин борҳо ба ҳокимияти ноҳия муроҷиат кардем. Муаммои замин дар ноҳияи мо калон аст ва то ҳол ин масъала ҳал намегардад.
Хоҷагӣ барои пешравии корҳои худ ду техника ва агрегатҳои зиёди зарурӣ дорад. Ғалларо даравида, ба пункти қабул 8 тонна гандум супориданд. Дарави якуми юнучқаро ба охир расонида, барои зимистонгузаронии молҳо захира карданд. Порсол ҳосили токзори хоҷагӣ табъи дил нашуд. Имсол аз он ҳосили дилхоҳ бардоштан мехоҳанд.
Ҳамза Салоев ҷавонмарди кордону пурғайрат аст. Аз рӯйи имкон дар ярмаркаҳои хоҷагии қишлоқ фаъолона иштирок мекунад. Ба қадри ҳол ба оилаҳои камтаъмину камбизоати маҳалла ёрӣ мерасонад. Ӯ минбаъд саршумори моли майдаро зиёд карда, дар таъминоти гӯшт саҳмгузорӣ кардан мехоҳад.

Б.ҶУМЪАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ