Муштзани машҳур Майк Тайсон бо наҳанги сафед ба рақобат мебарояд

Муштзани машҳур Майк Тайсон дар доираи барномаи шакабаи Discovery бо наҳанги сафед ба рақобат мебарояд, хабар медиҳад нашриёти Eurosport.
Шоу «Ҳафтаи наҳанг» ном дорад. Собиқ қаҳрамони ҷаҳон рӯзи 9 август бо наҳанги сафед рақобат хоҳад кард. Ҷузъиёти дигари ин сабқат ва тарзи баргузории он гуфта намешавад.
Майки оҳанин фаъолияти варзишиашро соли 2005 хотима бахшида буд.
Ӯ соли 2020 эълом кард, ки омода аст дар рақобатҳои хайриявӣ ширкат кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ