Оё гирифтори коронавирус дар хӯрдану нӯшидан бояд парҳез кунад?


Раъно Қосимова, номзади улуми тиб, корманди пажӯҳишгоҳи вирусологияи Ӯзбекистон дар барномаи телевизионии “Тез ёрдам” ба ин савол, ки гирифторони коронавирус дар хӯрдану нӯшидан ба чӣ чизҳо таваҷҷӯҳ кунанд, посух дод.
Ӯ гуфт, “Бемор бояд дар як рӯз ҳудуди 3 литр об – дар ҳар 15-20 дақиқа 1 пиёлагӣ об нӯшад. Баъзе аз беморон намехоҳанд, ки чизе хӯранд, ё бинӯшанд. Ин табиӣ аст, чун дар вақти беморӣ дар бадани одам ҷараёни заҳролудшавӣ мушоҳида мешавад. Лекин бемор маҷбурӣ бошад ҳам бояд дар як рӯз 6 бор, дар ҳар ду соат кам-кам хӯрок хӯрад”.
Ба гуфтаи Қосимова, вақте бемор иштиҳо надорад, ё таъмро эҳсос намекунад, метавонад бо маҳсулоти турш, масалан, лимон иштиҳои худро бедор кунад.
Ӯ афзуд, “Ҳангоми муолиҷаи COVID-19 дар хӯрокхӯрӣ маҳдудияте нест. Муҳим ин аст, ки бемор хӯрокҳои нағзу дорои сафеда хӯрад. Сафеда ин яъне иммунитет аст. Интерферонҳо, ки бо вирус мубориза мебаранд, аз сафедаҳо иборатанд. Вақте, ки бемор сафеда қабул намекунад, иммунитет ҳам нерӯманд намешавад”.
Ҳамчунин, барои беморон хонаи шамолхӯрда беҳтар аст, ки ҳавои тоза дорад.
Қосимова таъкид кард, “Агар имкон бошад бемер метавонад дар ҳавлӣ, дар ҳавои тоза ҳаракат кунад, то саломатии аҳли хонаводаашро ба хатар нагузорад. Агар имкон нест, пас ҳавои хонаи беморро бояд зуд-зуд иваз кард. Зеро бемор дар ҳар нафас кашиданаш ҳавои хонаро бо вирус олуда мекунад.
Ҳамчунин, дар ин рӯзҳои тафсон барои беҳтар кардани шароити бемор мешавад ба хона кондитсионер насб кард. Дар чунин ҳол ҳарорати кондитсионер бояд аз 26-28 дараҷа болотар наравад”.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ