Дар як шабонарӯз дар Бразилия 716 нафар қурбони COVID-19 шуданд


Дар 24 соати гузашта дар Бразилия 23 ҳазору 529 мавриди гирифторӣ ба коронавирус ва марги 716 нафар бемор сабт шуд. Дар ин бора имрӯз вазорати тандурустии Бразилия хабар дод.
Бино ба додаҳо, дар ҳоли ҳозир шумори гирифторон ба коронавирус дар ин кишвар 2 миллиону 98 ҳазору 389 нафар аст. Шумори кулли қурбониёни COVID-19 ба 79 488 нафар расид.
Ҳамчунин, то ба ҳол дар Бразилия 1 миллиону 371 ҳазору 229 нафар мубталои коронавирус шифо ёфтанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ