Беэътибории истифодаи гази табиӣ ба ҳаёти чандин нафар хавф мегузорад


Дар замири фармону қарорҳое, ки аз ҷониби ҳукуматамон оиди бехавфии газ қабул мегардад, таъмини некӯаҳволии мардум ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ниҳон аст.
Аз ҷумла, мувофиқи Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 12-уми январи соли 2018 таҳти рақами 22 «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ оид ба такмил додани тартиби истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ» аз рӯи ҷадвал ва тарифҳои тасдиқкардаи ташкилоти таъминоти газ ба таҷҳизоти истифодашавандаи ускунаҳои газии аҳолӣ хизмати профилактикӣ расонида мешавад. Дар ин ҳолат, плитаҳои газ дар биноҳои бисёрошёна, дар сурати мавҷуд набудани таҷҳизоти дигари газ — дар ду сол як маротиба, плитаҳои газ дар биноҳои истиқоматӣ, гармидиҳӣ, таҷҳизоти обгармкунӣ — дар як сол як маротиба ва пеш аз оғози ҳар мавсими гармидиҳӣ бояд аз назорати мутахассис гузаронида шавад. Ин барои пешгирии ҳар гуна ҳолатҳои ногувор, ки вобаста бо газ ба амал меояд, хизмат мекунад.
Дар айни замон, дар тамоми ноҳияҳои вилояти Самарқанд, мувофиқи ҷадвал ва тарифҳои тасдиқшуда ба шабакаҳои гази дохилии истеъмолкунандагон ва таҷҳизотҳои газии онҳо хизмати профилактикӣ расонида мешавад.
Имрӯзҳо назди филиали Ҷомбойтумангаз 9,390 то хонадонҳое, ки бо гази табиӣ ва 23488 то хонадонҳои бо гази моеъ муҷаҳҳазшуда мавҷуд буда, ҳоло аз ҷониби мутахассисони шӯъба мувофиқи нақша ва риояи қоидаҳои карантинӣ хизматҳои техникӣ расонида мешавад.

  • Ҳашт сантехники филиали Ҷомбойтумангаз дар як рӯз дар 5-6 хонадон рафта, асбобҳои газро тафтиш мекунанд. То 13-уми июли соли ҷорӣ ба 421 хонаводаи ноҳия хизмат расонида шуд, — гуфт сардори шӯъбаи маҳаллисозӣ, васеънамоии алоқаҳои ҳамкорӣ, ривоҷи стратегии тиҷорат ва хизматрасонии ҶММ «Ҳудудгаз Самарқанд Салоҳиддин Маллаев. — Мехоҳам як чизро таъкид кунам. Вақте ки мутахассисони мо дар хонадонҳои маҳаллӣ мераванд, аксар вақт баъзе аз истеъмолкунандагон бо баҳонаҳои «асбоби гази ман дар ҳолати хуб аст ё мо плитаи нави газӣ харидаем, ки ба он нигоҳубин лозим нест ва агар вайрон шавад ҳам, худам таъмир мекунам…” намехоҳанд, ки таҷҳизоти газии онҳоро аз назар гузаронанд. Вобаста ба ин, ба шаҳрвандонамон гуфтаниам, ки мақсади асосии хизмати мо пеш аз ҳама таъмини бехавфии шаҳрвандон аст. Истифодаи дуруст ва оқилонаи гази табиӣ барои бартарафсозии мушкилоти истеъмолкунандагон хизмат мекунад. Инчунин, истифодаи дурусти дастгоҳҳои газӣ ва лӯлаҳо барои истифодаи дурусти гази табиӣ аҳамияти муҳим дорад. Биёед, ҳамдилу ҳамфикр гашта, аз газ ва таҷҳизотҳо оқилона ва бо ҳушёрӣ истифода барем, зеро беэътибории дақиқаинаи мо низ метавонад ба ҳаёти чандин нафар хавф гузорад.
    Хизмати матбуоти ҶММ “Ҳудудгаз Самарқанд”.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ