ДАР ФАРОНСА ШИРКАТИ НАВ СОЗМОН ДОДА ШУД

Дар Париж маросими ба имзо расондани ҳуҷҷатҳои таъсисии ширкати «ABM ORGANICS LLC», ки саҳмиядорони асосии он ширкати «MarafonFinlex»-и Ӯзбекистон ва «Opal & Co»-и Фаронса мебошанд, баргузор гардид.
Фаъолияти асосии ширкат ба зиёд кардани содироти маҳсулоти Ӯзбекистон ба Аврупо, ҷалби сармоя ва технологияҳои пешқадам ба Ӯзбекистон, мусоидати ба роҳ мондан ва густариши шарикӣ байни доираҳои иқтисодии Фаронса ва Ӯзбекистон, инчунин тавсеаи ҳамкориҳои минтақаҳои ҳарду кишвар нигаронида шудааст.
Зимни маросими имзогузорӣ қайд карда шуд, ки ширкати нав ба рушди равобити иқтисодӣ ва тиҷории байни ду кишвар такони иловагӣ хоҳад бахшид. «ABM ORGANICS LLC» Ӯзбекистонро дар чорабиниҳои иқтисодӣ ва инчунин ҳангоми пеш бурдани музокирот бо ширкату корхонаҳои бузурги фаронсавӣ муносиб пешбарӣ мекунад. Дар дурнамои миёнамӯҳлат, ширкат ният дорад бренди масолеҳ ва молҳои Ӯзбекистонро эҷод кунад, ки ба шинохти маҳсулоти Ӯзбекистон дар Фаронса мусоидат хоҳад кард.
Ширкат ба ҳалли ғайримуқаррарии масъалаҳо ва ҷустуҷӯи нуқтаҳои нави рушд эътибор хоҳад дод. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи «Парвариш ва коркарди бангдонаҳои техникӣ» дар вилояти Хоразм ба нақша гирифта шудааст. Бангдонаи техникӣ — яке аз зироати даромадноки кишоварзӣ буда, нисбат ба пахта 5 маротиба камтар об мехурад ва ашёи хоми амалан бепартов ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба ҳисоб меравад. Аз он маҳсулоти зиёде: ришта, матоъ, селлюлоза, матои бетору пуд, хӯрокворӣ/хӯрока, маҳсулоти косметикӣ, дорусозӣ ва сохтмон истеҳсол кардан мумкин аст.
Ба гуфтаи коршиносон, дар оянда саноати бангдонаҳои саноатӣ на танҳо дар Фаронса ва дигар кишварҳои пешрафта ба самти афзалиятноки «иқтисодиёти сабз» табдил хоҳад ёфт.АИ «Дунё», ПАРИЖ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ