Вақте ки маҳдудиятҳои карантинӣ бекор карда мешаванд, санҷиши тестӣ гузаронида мешавад.

Барно Раҷабов, сардори МТД:

❗️ Оиди дигаргун шудани санаи имтиҳон пешниҳодҳо дода шудааст. Вақте ки маҳдудиятҳои карантинӣ бекор карда мешаванд, ҳамон вақт санҷиши тестӣ гузаронида мешавад. Агар он рӯзи 15-уми август бекор карда шавад, пас аз 15-уми август баргузор мешавад, агар он 1-уми сентябр бекор карда шавад, пас аз 1-уми сентябр баргузор хоҳад шуд.
То ҳол барои иваз кардани павилонаҳои стационарии тайёршуда ҷойи муносиби имтиҳонгузаронӣ тасдиқ карда нашудааст. Пас аз тасдиқи он, мо ба шумо хабар медиҳем. Санҷишҳои тестӣ дар павилонҳои сатсионарӣ гузаронида намешавад.

Маълум аст, ки ҷойҳое, ки барои санҷиш интихоб мегарданд, иншооти калон буданашон лозим аст.
Дар ин бора, дар анҷумани матбуотие, ки дар мавзӯи «Натиҷаҳо, таҳлил ва хулосаҳои бақайдгирии онлайнӣ барои довталабони соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таълими олӣ» гузаронида шуд, эълон гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ