Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико политсия ба журналистҳо ҳуҷум кард

Дар шаҳри Портланди ИМА политсия ба журналистҳои россиягӣ, ки баромадҳои норозиёнаи аҳолиро аксбардорӣ мекарданд, ҳуҷум кард. Дар ин бора мухбири РИА Новости хабар дод. Дар хабар гуфта мешавад, ки ду нафар журналист вакилони аҳолиро, ки бинои судро печонда гирифта оташ задан мехостанд, аксбардорӣ мекарданд. Дар ҳамин вақт, ходимони политсия журналистҳоро кӯфта, аз дасти онҳо камераро гирифта, ба мумфарш зада шикастанд. Ба чашми журналист-зан гази аз чашм об меовардаро пошиданд. Ҳар ду журналист пейжик доштанд. Ба ин нигоҳ накарда, ба онҳо ҳуҷум карданд. Чунин ҳолати ба журналистҳо ҳуҷумкунӣ аз ин пеш ҳам рӯй додааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ