Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева 24 — уми июли соли 1956 дар вилояти Андиҷон таваллуд шудааст

Танзила Норбоева соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тошканд ( ҳоло Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон) — ро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатии ӯ соли 1974 чун омӯзгори мактаб дар ноҳияи Шаҳрихон оғоз шуд.Солҳои1975 -1995 дар вазифаҳои гуногуни муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳо,инчунин Ҳизби халқиву демократӣ фаъолият дошт.

Танзила Норбоева солҳои 1995 -2010 дар вазифаҳои мухталифи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон меҳнат кард.Дар солҳои 2010 -2016 раиси Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон буд.

Танзила Норбоева пеш аз дар соли 2019 дар маҷлиси умумии бистуми Сенати Олий Маҷлис ба вазифаи раиси Сенат интихоб шудан чун раиси Кумитаи зану духтарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон кор кардааст.

Танзила Норбоева бо медали » Шӯҳрат»,орденҳои» Меҳнат Шӯҳрати»ва» Фидокорона хизматлари учун» мукофотонида шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ