Ҳокими ноҳияи Қонликӯли Қорақалпоқистон қурбони коронавирус шудуф


Рӯзи гузашта, 24 июл Даулет Аяпбергенович Толибаев, ҳокими ноҳияи Қонликӯли Ҷумҳурии мухтори Қорақалпоқистон даргузашт. Ӯ чанд рӯз қабл мубталои коронавирус шуда буд. Дар ин бора ҳокимияти ноҳияи Қонликӯл хабар дод.
Даулет Толибаев 18 октябри соли 1983 дар шаҳри Нукус таваллуд шуда буд. Вай хатмкардаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон аст. Фаъолияти кории ӯ соли 2004 оғоз шуд. Толибоев дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошт, аз ҷумла, чанд сол нахустмуъовини вазири хоҷагии оби Қорақалпоқистон буд.
Ӯ соли 2019 ҳокими Қонликӯл таъин шуд.
Чанд рӯз пеш Толибаев мубталои коронавирус гардид ва дар бемористон бистарӣ шуд. Бо вуҷуди саъйу кӯшишҳои шифокорон ӯ бар асари бемории COVID-19 даргузашт.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ