Рашки гулҳо

Мисли оина машав маҳви ҷамоли дигарон,
Аз дилу дида фурӯ шӯй хаёли дигарон.
Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,
Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.
Дар як рӯзи баҳорӣ ду навдаяки гули хушбӯйро аз гармхона оварда, якеро ба замини назди ҳавлӣ ва дуюминро ба гулдони зарҳалдори сафолин ҷо ба ҷо намуданд. Гулҳо, яке аз нурҳои офтобу аз наҳрчаи бағали ҷӯй ғизо мегирифту дигаре чашм ба роҳи шахсе буд, ки меояду ба ӯ обу ғизо медиҳад. Гули гулдони зарҳалдори сафолин, ки каме мағруру таккаббур буд, ба лофу худситоӣ сар кард.
– Ман азизи дили ҳама ҳастам. Аз манзиле, ки бароям омода сохтаанд, маълум аст, ки маро дӯст медоранд ва эҳтиром қоиланд, ба ту чӣ?
Гули назди ҳавлӣ ба сухан оғоз намуд:
– Ман низ дӯстони хеле зиёд дорам. Бо онҳо сӯҳбат мекунем, обу ғизое, ки табиат ба мо медиҳад, баробар тақсим менамоем. Ба шиори «бародарӣ баробарӣ» риоя намуда, аз нашъунамои якдигар ҳаловат мебарем. Хулоса, аз зиндагиамон шикоят надорем.
Гули гулдон медонист, ки шарикаш рӯз ба рӯз зебо мешаваду майли шукуфтан дорад, аз шиддати рашк чашми дидан накарда, ба сухан лаб во намуд:
– Маро дар баландӣ ҷо доданд, бо зарфи булӯрин обам медиҳанд ва чун гавҳари чашм нигоҳубинам мекунанд, аммо туро чӣ? Ҳеҷ кас ҳатто ба ту аҳамият намедиҳад. Туро дӯст надоранд ва чун чизи нолозима муносибат мекунанд.
– Эҳ дӯстам, дӯстам! Ман ба касе мӯҳтоҷ нестам ва мӯтоҷ шудан ҳам намехоҳам. Доимо мехоҳам аз иҷрои кори худам бароям ва рӯйи пойҳои худам боз истам! Рашку ҳасади гули гулдон рӯз аз рӯз меафзуд. Ҳисси ҳасудӣ ва бадбиниаш боло мегирифт. Ҳар рӯз ҳолаш бадтар шуда, рангаш заъфарон, танаш хеле заиф мешуд. Худ ба худ ғур-­ғур карда, зери лаб гап мезад.
– Ҳар дуи моро як рӯз аз гармхона берун оварданд ва ба парвариш оғоз намуданд. Пас чаро аз нашъунамою шукуфтани ман дарак нест? Ҳатто ранги баргҳои шарикам сабзи баланд, ман бошам рангпаридаву нимҷон? Сабаб дар чӣ бошад? Сабабашро мепурсам ва тез пеши роҳи ин ҳалокатро мегирам. Бо наш­ъунамои хубу гулҳои сурхи рангорангам ҳамаро дар ҳайрат мегузорам.
Субҳ дамид! Гули лаби ҷӯй чун ҳамешагӣ хушнуд ва бо хоксорию зебоияш чашми ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекард. Баргҳои зебову сабзаш, гулҳои сурхи арғувониаш аз нурҳои заррини офтоб, ки чун нохуни лакдори арӯс ҷило медод, ҳамаро дар ҳайрат мегузошт.
Гули гулдон аз тиреза ба берун назар карда, ин зебоиро медид ва аз шиддати рашк дарун- дарун месӯхт. Базӯр худдорӣ намуда, як салому алейк карду гуфт:
– Чандест мехоҳам як чизро аз ту пурсам. Чиро аз ман мехоҳӣ махфӣ кунӣ, кӣ ман намедонам? Ҳар дуйи моро аз гармхона дар як рӯз ба ин ҷо оварданд ва ба нигоҳубин сар карданд. Пас гулҳои ман куҷост? Оташин гуфт, ки аз шиддати дарду рашк меларзид…
Гули лаби ҷӯй ба сухан оғоз намуд:
– Чашми туро рашку ҳасад ва мағрурию кибр кӯр кардааст. Сабаби ин ҳама зебоӣ, шаъшаъа ва гулбезиҳои ман маълум. Ман ягон вақт мӯҳтоҷу дастнигари кас нашуда, баҳри зиндагиям ҷидду ҷаҳд кардам. Доимо аз мағрурӣ ва ҳасудӣ барин хислатҳои зишт рӯй тофтам. Ин рафтору кирдорамро Офтоби оламоро дида, ошиқам шуд ва ба сӯям дасти дӯстӣ дароз кард. Ҳар субҳ мунтазири нурҳои тиллорангаш мешудам. Офтоб низ маро аз ин ҳадяаш бенасиб намекард. Ин аст асрори зебоии ман. Ту низ барои зинда мондани худ кӯшиш кун! Дастнигар, ҳасуд ва танбалиро пешаи худ накун. Доимо рӯи пойҳои худат истодану ба дигарон ҳасудӣ накарданро ёд гир!

Саодат САНГИНОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ