Дар Қашқадарё ба шахсоне, ки тухмиҳои пӯсидаи картошкаро фурӯхтанд, парвандаи ҷиноӣ кушода шуд

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ оиди аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «EGOIST AST» ба фермерон фурӯхташавии тухмиҳои пӯсидаи картошка хабарҳо паҳн шуда буд. Маълум шудааст, ки байни ҷамъияти мазкур ва фермерони ноҳияҳои Шаҳрисабз ва Яккабоғ аз рӯйи расондани тухмиҳои картошка шартнома имзо гардидааст. Бар асоси ин шартнома ба ҳисобсурати ҷамъият маблағ гузаронида шудааст. Ҳангоми омӯзиш маълум шудааст, ки аз 498 тонна тухмиҳои картошкаи аз Россия овардашуда 394 тоннааш ба коридан ношоям баромадааст. Нисбати роҳбари ҷамъият бо моддаи дахлдор парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, ҳоло ҳаракатҳои кофтуковӣ бурда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ