Дар Тоҷикистон тӯйҳои домодиву арӯсӣ дар асоси тартиби нав гузаронида мешавад

Дар асоси супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус минбаъд тӯйҳои домодиву арӯсӣ дар доираи оила бо иштироки шумораи камтарини одамон баргузор карда мешаванд, хабар медиҳад Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи тартиби нав, ки аз рӯзи душанбе, 27 июл, амалӣ мешавад, шумораи ҳадди аксари иштирокдорон дар маросими тӯйи домодию арӯсӣ набояд аз 30-40 нафар бештар бошад.
Вобаста ба ин, Кумита ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барқия ирсол намудааст.
«Тартиби мазкур то ба эътидол омадани вазъ дар ҷумҳурӣ вобаста ба паҳншавии бемории сироятии COVID-19 амал хоҳад кард», — гуфт котиби матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ