Сарҳуқуқшинос-маслиҳатгари шӯъбаи молияи ноҳияи Зафаробод вақти гирифта истодани 30 миллион сӯм пора дастгир шуд

Сарҳуқуқшинос-маслиҳатгари шӯъбаи молияи ноҳияи Зафарободи Ҷиззах З.Я. ба ивази бо воситаи шиносҳояш ба яке аз донишкадаҳо даровардани ҷияни шаҳрванд Р.Қ. 41 миллион сӯм талаб кардааст. Дар тадбире, ки дар ҳамкории Садорати ҷиззахии Департаменти назди Сарпрокуратура ва Прокуратураи вилояти Ҷиззах гузаронида шуд, Сарҳуқуқшинос-маслиҳатгар З.Я. вақти бо роҳи фиреб гирифта истодани 30 миллион сӯм пора бо далелҳои ашёвӣ дастгир шудааст. Аз рӯйи ҳолати мазкур нисбати З.Я. бо моддаи дахлдор парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ