Тоҷикистон содироти барқро ба Ӯзбекистон қатъ менамояд

Тавре хабар додем, Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми кишвар муроҷиатнома ирсол намуда, даъват карда, ки нисбати истифодаи қувваи барқ сарфакориро пеша кунанд.
Инчунин, дар Муроҷиатнома гуфта мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар кишвар дар фасли гармо лимити барқ ҷорӣ карданист.
Ҳукумат мегӯяд, маҷбур шудааст пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда интиқоли нерӯи барқро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қатъ намояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки вазъиятро дуруст фаҳманд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ