Ҳабиб ва Гэтҷи: санаи баргузории рақобати онҳо аниқ гардид

Президенти UFC Дана Уайт санаи дақиқи рақобати Ҳабиб Нурмагомедов ва Ҷастин Гэтҷиро эълом кард.
Президенти UFC  гуфтааст муҳорибаи размикори доғистонӣ ва амрикоӣ 24 октябр доир мегардад.
Гуфта мешавад,  мубориза 24 октябр дар доираи UFC 254 баргузор мешавад ва маҳалли баргузории рақобат Лас Вегас ё Абу Даби хоҳад буд.
Дидори  Ҳабиб ва Гэтҷӣ рӯзи 19 сентябр дар UFC 253 таъин шуда буд, аммо ба сабаби вафоти падари паҳлавон ва мураббии ӯ Абдулманап Нурмуҳаммадов мавқуф гузошта шуд.
Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар замони фаъолияти варзишияш 28 бор аз рӯи муҳорибаҳои омехта ба октагон баромадаву боре ҳам мағлуб нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ