Дар шаҳри Актобеи Қазоқистон маркази палави «Toshkent» кушода шуд

Соҳибкори ҷавон аз шаҳри Актобеи Қазоқистон Олжас Жанибек дар даврони амали режими вазъияти фавқулодда орзуи худро амалӣ кард, бо воми гирифтааш маркази палави «Toshkent»-ро кушод.
Тавре ки оҷонсии иттилоотии «Казинформ» хабар медиҳад, ҳар як миҷози марказ, албатта ин саволро медиҳад: барои чӣ Toshkent? Ҷавоби ин савол оддист: зеро Тошканд пойтахти мамлакат ва маркази маданияти Ӯзбекистон аст. Ба ҳама маълум мебошад, ки Ӯзбекистон бинобар самти сайёҳии гастрономӣ дар байни 5 кишвари  аввали ИДМ ва хориҷи наздик қарор дорад. 
Ғояи кушодани ин марказ ҳангоми суҳбат бо хешованде, ки таомҳои шарқиро дӯст медораду ба наздикӣ аз Ӯзбекистон боздид ба амал овардааст, ба миён омад. Ҳамон вақт фикри: барои чӣ дар Актобе боз намудани маркази палав мумкин набудааст, пайдо шуд. Барои ба амал татбиқ намудани ин ғоя душвориҳои зиёд паси сар шуданд. Чунончӣ, деги қадима, ки дар он палав пухтан имконпазир бошад, аз Ӯзбекистон ҷустуҷӯ карда шуд ва харид гардид.
Мақоли халқӣ мефармояд: «Дег ҳар қадар қадимӣ бошад, палаваш ҳамон қадар ширин мешавад». Ба Олжас Жанибек ин нақлро як ошпаз, донандаи тарзи тайёркунии палав аз Ӯзбекистон гуфт. Ҷустуҷӯ ӯро ба се нафар шахсони куллан ношинос рӯ ба рӯ намуд, онҳо барои ёфтан, харидан ва расонда додани ду деги қадимии чӯянӣ ба Актобе кӯмак расониданд. Аз ин дегҳо бӯйи палав мерасид, зеро дар онҳо чандин бор ин таом тайёр шуда одамони зиёдро хурсанд кардааст, мегӯяд соҳибкори ҷавон. 
Маркази палав ба наздикӣ кушода шуд, вале то имрӯз бинобар сабабҳои воқеӣ ошхона меҳмон  қабул намекунад, таомро ба миҷозон расонда медиҳад. Моҳи гузашта тоҷир танҳо барои сарпур сохтани хароҷоташ кор кард, ӯ умед дорад, ки дар оянда даромадаш бештару беҳтар мешавад.

АИ «Дунё», 
НУР-СУЛТОН.       

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ