Бозиҳои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил кай баргузор мегардад?

Созмондиҳандагон имкони  аввали моҳи октябр гузаронидани Бозиҳои кишварҳои ИДМ-ро дар Қазон баррасӣ мекунанд. Дар ин бора вазири варзиши Тотористон Владимир Леонов ба ТАСС иттилоъ додааст.
Қаблан роҳбари Вазорати варзиши Федератсияи Россия Олег Матитсин хабар дода буд, ки гузаронидани бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст ва онҳо нахустин чорабинии байналмилалии варзишӣ дар Россия пас аз пандемияи коронавирус мебошанд.
«Пештар масъалаи интиқоли Бозиҳо ба аввали моҳи октябр баррасӣ шуда буд. Ҳоло ин масъала бо иштирокчиён мувофиқа карда мешавад ва мо ба натиҷаи он хушбинем»,- гуфт Леонов.
Ташаббускори гузаронидани Бозиҳои кишварҳои ИДМ Федератсияи Россия мебошад ва ин пешниҳод дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ моҳи октябри соли 2019 якдилона дастгирӣ шуда буд. Дар ибтидо, тибқи нақша мусобиқот бояд дар шаҳри Қазон аз 20 то 27 август баргузор мешуданд, аммо бо сабаби пандемияи коронавирус санаи баргузории онҳо ба вақти дигар гузаронида шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ