СММ ба дурустии омори COVID — 19 дар Тоҷикистон шубҳа дорад

СММ дар гузориши ахири худ бобати омори COVID — 19  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Ин гузориш омори коронавирусро аз 6 то 23 — юми июли соли ҷорӣ дарбар мегирад.
Гузоришгарон ба чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии ин маризӣ дар Тоҷикистон диққат дода, изҳор доштанд, ки қатъи равобити ҳавоию заминӣ, манъи баргузории чорабиниҳо, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва ҳамчунин пиёда кардани режими ниқоб зарур ва саривақтӣ буд.
Аммо СММ таъкид намудааст, ки ба дурустии омори COVID — 19 дар ин кишвар шубҳа доранд.
«Шояд сабти ками гирифторони маризии сироятии коронавирус ба пастсифат будани тестҳо алоқаманд бошад», — таъкид мешавад дар гузориш.
Вале, дар мавриди ташхиси тестӣ дар Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҳузури хабарнигорон гуфта буд, ки соли ҷорӣ дар кишвар ҳудуди 65 ҳазор нафар аз тести коронавирус гузаронда шуданд.
Феълан дар ихтиёри Вазорати тандурустӣ беш аз 100 ҳазор тест қарор дорад ва интизор меравад дар ояндаи наздик боз миқдори муайяни тест ворид шавад.
Масъалаи дигар, ки боиси нигаронии гузоришгарони СММ қарор гирифт, ин набудани омори расмӣ аз мавориди фавт аз ин беморӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ