Писархонди Айнӣ Абдукарим Ғанизода аз олам даргузашт


Сад дареғо, ки яке аз фарзандони асили Самарқанд, писархонди устод Садриддин Айнӣ, ташкилкунандаю посдори Хона-музейи устод Айнӣ эҷодкори соҳибэҳтиром АБДУКАРИМ ҒАНИЗОДА дунёи фониро тарк намуданд.

Абдукарим Fанизода (Fаниев) соли 1936 дар деҳаи Хоҷа Аҳрори Валии ноҳияи Самарқанд таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи рақами 16 – и зодгоҳ дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд хондааст. Муддате дар мактабҳои таълими умумии вилоятҳои Тошканд ва Самарқанд омӯзгорӣ кардааст.
Соли 1966 дар Осорхонаи таърихи санъат ва маданияти халқҳои Ӯзбекистон (дар шаҳри Самарқанд) ҳамчун ходими илмӣ адои вазифа намуда, соли 1967 дар таъсиси Хона – музейи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд иштирок ва соният мудири он шудааст.
Абдукарим Fанизода аз овони донишҷӯӣ ба шеъру адабиёт майлу рағбати зиёде дорад. Беҳтарин шеърҳояш дар маҷмӯаи «Меҳрнома» (соли 2003) гирд оварда шудаанд. Як қатор шеърҳояш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ низ ба табъ расидаанд.
Соли 2014 китоби калонҳаҷми ӯ бо номи «Кошонаи бахт» манзури хонандагон гардида буд. Китобҳои «Махзани илҳом» ва «Ба ҳазор дароӣ» давоми мантиқии ин китоб аст.
Хабари хуши нашри китоби навбатиаш “Ҷони ширин”-ро шунида, нусхаи нишонаи онро дида, Абдукарим Ғанизода хеле шод шуда буданд. Вале афсӯс насиб накард, ки бо соядасти худ китобро ба дӯстону наздикон тақдим намоянд. Беғашона ханданду ба дилҳо меҳр ҳадя кунанд.
Абдукарим Ғанизода дар тӯли умри бобаракоти худ дар ташкили хона-музейҳои зиёде саҳм гузоштанд. Даргоҳи устод Айниро ободу файзбор намуданд. Аз худ чандин китобҳои ёддоштию шеърӣ боқӣ гузоштанд. Номи неку кори некашон солҳои зиёд дар ёди мардум мемонад.
Дар ин рӯзҳои ҷудоӣ ба аҳли хонадон ва пайвандону наздиконашон ҳамдардӣ изҳор намуда, дуои он мекунем, ки макони охираташон обод бошад!

Ҷамоаи рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд”, Маркази миллию фарҳангии тоҷикони вилояти Самарқанд, шабакаи “Омӯзгори тоҷик”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ