Чӣ тавр худро аз таъсири манфии тӯфонҳои магнитӣ ҳифз бояд кард?

Мо ба шумо андешаҳои коршиносонро дар бораи чӣ будани тӯфони магнитӣ, чигунагии эътинои ҷисми инсон нисбат ба он  ва василаҳои аз таъсири манфии он муҳофизат намудани худ пешниҳод менамоем.

Тӯфонҳои магнитӣ

Дурахши шӯълаҳо дар Офтоб дар рӯи Замин тӯфонҳои магнитиро ба вуҷуд меорад ва онҳо ба вазъи саломатии одамон таъсир мерасонанд. Таъсири онҳоро бештар одамони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо, системаҳои асаб, нафаскашӣ, узвҳои ҳаракаткунӣ, кӯдакони хурдсол, пиронсолон, занҳои  ҳомиладор эҳсос мекунанд.
Дар чунин рӯзҳо имкон дорад, ки ҳолати рӯҳии одамон тағйир ёбад. Одамоне, ки аз тағйир ёфтани обу ҳаво вобастагӣ доранд, эҳсоси нороҳатӣ мекунанд. Дар чунин рӯзҳо аз ҳолатҳои низоангез канор бошед,  ба қадри кофӣ хоб намоед ва  бештар дар ҳавои тоза гардиш кунед.

 Таъсири тӯфонҳои магнитӣ ба ҷисми инсон

Тӯфонҳои магнитӣ ба вазъи саломатии одамон таъсир мерасонанд. Шахсони солхӯрда, одамони гирифтори бемориҳои музмин таъсири онҳоро бештар эҳсос менамоянд. Таъсири тӯфонҳои магнитӣ метавонад дар шакли дарди сар, тағйир ёфтани ҳолати рӯҳӣ, нороҳатии сабук ё чарх задани сар зоҳир шавад.

Одамони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо, асабҳо ва нафаскашӣ, узвҳои ҳаракаткунӣ, кӯдакони хурдсол, пиронсолон, занони ҳомила таъсири онро зиёдтар эҳсос мекунанд. Ҳангоми тӯфонҳои магнитӣ одамони гирифтори ин бемориҳо бояд вазъи саломатии худро назорат кунанд, давра ба давра фишори хунашонро санҷанд, бештар моеъ бинӯшанд, беҳтараш оби одӣ ё нӯшобаҳо ва агар лозим ояд, тавсия дода мешавад, ки қиёми сунбул (валериянка), пустирник, гули маҷах (пиона) бинӯшанд.

Чӣ тавр худро аз таъсири манфии тӯфон ҳифз бояд кард?

Дар ин рӯзҳо фаъолияти ҷисмониро коҳиш диҳед. Машқҳои сабукро интихоб намуда, ба ғизои худ таваҷҷуҳ кунед. Истеъмоли гӯшти равғанӣ, шириниҳо ва машруботи спиртиро кам кунед. Кӯшиш кунед, ки аз фишорҳои  равонӣ, ҳаяҷони шадид, изтироб ва ҳолатҳои низоъангез канорагирӣ кунед. Ба таври мукаммал хоб кунед. Одамони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо бояд захираи кофии доруҳои заруриро барои табобати амрози музмин дошта бошанд.

Аз тӯфони магнитӣ пурра худро муҳофизат кардан ғайриимкон аст, аммо шумо метавонед таъсири манфии онро то ҳадди имкон коҳиш бидиҳед. Ғизои солим истеъмол намоед: хӯроки сабук бихӯред, аз ҳад зиёд хӯрок нахӯред, бисёр об бинӯшед. Аз нӯшидани машруботи спиртӣ, кашидани тамоку худдорӣ намоед. Дар бораи чизҳо ва корҳои хуб фикр кунед ва аз ҳолатҳои ҳаяҷонангез канорагирӣ кунед. Бо оби гарму сард бадани худро бишӯед, дар ҳавои тоза бештар гардиш кунед, дар вақташ хоб кунед. Ҳангоми бехобӣ, асабоният, афзудани изтироб аз қиёми гиёҳҳои таскиндиҳанда — сунбул (валериянка), лимӯгиёҳ, пустирник бинӯшед. Дар сари чанбараки мошин эҳтиёт шавед, агар имкон дошта бошад, дар ин давра аз рондани он даст кашед.

Ҳангоми тӯфонҳои магнитӣ аз чӣ бояд худдорӣ кард?

Ҳангоми тӯфон аз истеъмоли машрубот, кашидани тамоку ва нӯшидани  қаҳваи сахт даст кашед. Аз парҳезҳои сахт канорагирӣ кунед, аз қатори ғизоҳои худ хӯрокҳои равғанин, шӯр, тунд, дуддодашударо истисно кунед. Бадани худро бо машқҳои фаъоли ҷисмонӣ зери фишор қарор надиҳед. Ҳангоми тӯфон барои оғози корҳои нав, пайдо намудани шиносҳои нав ё мусофират ба ҷойҳои дур тавсия дода намешавад. Одамоне, ки фишори хунашон паст аст, субҳгоҳон набояд якбора аз ҷойгаҳ бархезанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ