Шавкат Мирзиёев ба Нукус рафт


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон имрӯз ба шаҳри Нукус парвоз кард. Дар ин бора маркази матбуотии раисҷҷумҳури кишвар хабар дод.
Гуфта мешавад, ки Мирзиёев дар пойтахти Қорақалпоқистон дар маросими хоксупории Мусо Ерниязов, раиси “Ҷӯқорғи Кенгес” иштирок мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Мусо Ерниязов рӯзи гузашта, 31 июл бар асари бемории COVID-19 даргузашт. Ӯ рӯзи 24 июн бо ташхиси COVID-19 дар бемористон бистарӣ шуда буд. Бо вуҷуди кӯшишҳои шифокорон, Ерниязов рӯзи 31 июл чашм аз ҷаҳон пӯшид.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ