Дар як шабонарӯз дар Бразилия беш аз 1,2 ҳазор нафар қурбони COVID-19 шуданд


Дар як шабонарӯзи сипаришуда дар Бразилия 1 212 нафар қурбони коронавирус шуданд. Дар ин бора маркази матбуотии вазорати тандурустии Бразилия хабар дод.
Бо ин ҳол, шумори кулли қурбониёни коронавирус дар ин кишвар ба 92 475 нафар расид. Дар зимн, рӯзи гузашта дар Бразилия 52 383 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд. Ҳоло шумори кулли мубталошудагон ба коронавирус дар Бразилия 2 662 485 нафар аст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳамсари Жаир Болсонару, раисҷумҳури Бразилия низ мубталои ин вирус шуд. Худи Болсонару аз COVID-19 комилан шифо ёфт.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ