Агар пас аз шифоёбӣ аз коронавирус худро бад ҳис кунед…

Кардиологи рус гуфт, ки кадом витаминҳоро бояд дар замони гирифторӣ ба коронавирус ва пас аз шифо ёфтан истеъмол кард.
Агар шумо ягон шамолхурӣ ва ё нишонаҳои коронавирусро ҳис кардед, фавран бояд ба духтур муроҷиат кунед, гуфт номзади илмҳои тиббӣ, кардиолог Татяна Рибка ба “Российская газета”.
Мутахассис таъкид кардааст, ки барои нигоҳ доштани саломатӣ набояд даст рӯи даст нишаст, балки ба табиб муроҷиат карду ҳама дастуроти ӯро иҷро кард.
«Ҳоло режими табобат таҳия шудааст. Дар бисёр ҳолатҳо дар хона риоя кардани режими худҷудоӣ кофӣ аст. Мо, табибон, инро дар садҳо ҳолатҳо мушоҳида кардем: агар шахс аз коронавирус дуруст табобат карда шавад, хатари оқибатҳои дарозмуддати он камтар мегардад», гуфт Рибка.
Ба гуфтаи мутахассис, агар пас аз шифоёбӣ аз коронавирус худро бад ҳис кунед, метавонед курси витамини D ва B-ро истеъмол намоед.
Илова бар ин, шахси шифоёфта бояд режими истироҳат ва ғизоро риоя кунад ва бештар дар фазои кушод сайругашт кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ