Модаре дар Украина барои гурехтани писараш аз ҳабс бо дастони худ роҳи зеризаминӣ кофт


Дар шаҳри Волнянски вилояти Запорожеи Украина як модар барои гурезондани писараш, ки ҳабс шудааст, роҳи зеризаминӣ кофт.
Бино ба додаҳои манбаъ, модари маҳкум барои амалӣ кардани мақсадаш аз назди зиндоне, ки писараш дар он муҳлати ҳабсро сипарӣ мекунад, як ҳавлиро ба иҷора мегирад. Ӯ ҳар шаб пинҳонӣ аз дохили ҳавлӣ ба сӯи зиндон роҳи зеризаминӣ меканад. Вале, кормандони пулис аз ҳодиса огоҳ шуданд ва модар ба мақсадаш нарасид.
То огоҳ шудани пулис модари маҳкум 10 метр роҳи зеризаминӣ меканад, ки умқи он 3 метр аст.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ