Трамп: Бо вуҷуди ёрии Обама, Байдан низ мисли Клинтон мағлуб мешавад


Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА ба пирӯзии худ дар интихоботи моҳи ноябр шубҳа надорад. Ӯ дар ин бора дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт.
Трамп гуфт, “(Барак) Обама барои ғолиб шудани Ҳиллари Клинтон ва гурӯҳи мағлубшудаи Клинтон бештар аз худи хонум кор кард!”.
Ӯ Ҷо Байден, рақиби асосии худро дар назар дошта илова кард, “Акнун ӯ бо Ҷои хоболуд кор мекунад, вале, натиҷа ҳамон хоҳад буд”.
Барак Обама, раисҷумҳури собиқи ИМА чанде пеш Трампро интиқод карда буд. Ӯ дар маросими дафни фаъоли ҷомеа – Ҷон Люис гуфта буд, ки марҳум ҳамеша демократияро аз ҳамлаҳое, ки имрӯз сурат мегирад, ҳимоя мекард. Обама Трампро номбар накард, вале гуфт, ки имрӯз ҷумҳурихоҳон ба системаи интихоботӣ ҳамла мекунанд ва мехоҳанд, ки ба интихоботи тавассути почтаи электронӣ халал расонад. Шояд гуфтаҳои Трамп дар бораи таъвиқи эҳтимолии муҳлати интихобот дар пасзаминаи (фон) вазъияти эпидемиологӣ боиси ин ҳарфҳои Обама шуда буд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ