Шумори мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон беш аз 26 ҳазор шуд


Имрӯз то ба ҳол дар саросари Ӯзбекистон 513 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд ва шумори умумии мубталоён ба 26 066 нафар расид.
Дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар дод.
Аз ҷумла, дар вилояти Тошканд 236 ҳолат, дар шаҳриТошканд 173 ҳолат, дар вилояти Самарқанд 26 ҳолат, дар вилояти Қашқадарё 16 ҳолат, дар вилояти Сурхондарё 12 ҳолат, дар ҷумҳурии мухтори Қорақалпоқистон 13 ҳолат, дар вилояти Хоразм 11 ҳолат, дар вилояти Сирдарё 10 ҳолат, дар вилояти Фарғона 9 ҳолат ва дар вилояти Андиҷон 7 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд.
Ҳамчунин, имрӯз то ба ин соатҳо 331 нафар бемор шифо ёфтанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ