Маълумот дар бораи қоидаҳои маросими дафн дар даври пандемия


Мирзомақсуд Алимов, узви Шӯрои уламои Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар бораи қоидаҳои маросими дафн дар даври пандемия маълумот дод.
Ӯ гуфт, “Маросимҳои умумии дафн барои паҳншавии вирус фурсати хубе аст. Дар маросимҳои дафн набояд бисёр кас ҷамъ шаванд. Касоне, ки ба маросим омаданд, бояд ба масофаи иҷтимоӣ (1,5 метр), пӯшидани ниқоб ва дастпӯш риоят кунанд ва бо воситаҳои антисептикӣ дастҳои худро поку тоза нигоҳ доранд. Бояд як муддат аз дастфишонӣ дар вақти дидор худдорӣ кард.
Ҷасад бо риоят ба чораҳои бехатарӣ шуста шавад. Яъне, мурдашӯй ниқоб ва дастпӯш дошта бошад. Ҳар чизе, ки дар шустушӯи ҷасад истифода мешавад, баъдан оташ зада шавад, сатил ва дигар асбобҳо бояд бо воситаҳое, мисли хлор пок карда шавад ва дар муддати 5-6 соат дар офтоб бимонад”.
Алимов афзуд, “Ҷасадеро, ки кормандони тиббӣ онро бо матоъҳои махсус печондаанд, ба далели бехатарӣ боз кардан мумкин нест. Дар чунин ҳолат ғусли ҷасад шарт нест.
Намози ҷаноза бояд 5-7 дақиқа идома ёбад. Беморон, пиронсолон ва кӯдакон дар ҷаноза иштирок накунанд. Риоят ба фосилаи иҷтимоӣ дар ҷаноза муҳим аст. Агар кормандони тиббӣ мурдаро ба мазор бурда бошанд, намози ҷаноза низ дар мазор гузошта мешавад. Маросими ба хок супурдани ҷасад ба сурати муқаррарӣ баргузор мешавад. Вале, то ҳадди имкон шумори иштироккунандагон камтар бошад. Баъди ба хок супурдани ҷасад ҳама зуд ба хона баргарданд ва поку тоза шаванд. Пешниҳод мешавад, ки маъракаҳо дар давраи хонавода баргузор гардад”.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ