Дар тамоми зинаҳои таълими олӣ ҳолатҳои коррупсия мавҷуд аст, — мегӯяд Танзила Норбоева Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбаева сохтори таълими олиро танқид кард.

  • Аз ҳолатҳои коррупсия халос кардани соҳаи таълими олӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯз мебошад. Мувофиқи таҳлил, қариб дар ҳамаи зинаҳои таълими олӣ ҳолатҳои коррупсия мавҷуданд. Алалхусус коррупсия ҳангоми қабули донишҷӯён, ҷараёни санҷишҳо васеъ паҳн гардидааст, — гуфт Т. Норбоева. — Ин на танҳо ба сифати таълим таъсири манфӣ мерасонад, балки инчунин обрӯи муассисаҳои таълими олиро дар рейтингҳои байналхалқӣ низ паст мекунад.
    Инчунин, ӯ таъкид намуд, ки ҳеҷ як донишгоҳи Ӯзбекистон ба рейтинги донишгоҳҳои бузургтарини дунё дохил карда нашудааст. Донишгоҳи калонтарини мо — Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ҳам дар рӯйхати Webometrics, ки рейтинги ҷаҳонии тақрибан 30,000 донишгоҳҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад, дар ҷойи 3971 меистад. Дар рейтингҳои дигар бошад ҷойи 4080 — ро ишғол намудааст.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ