Соли нави таҳсил дар донишгоҳҳо фосилавӣ оғоз мешавад


Аз моҳи сентябр донишҷӯёни солҳои дувум, савум ва чаҳорум таҳсилро масофавӣ оғоз мекунанд. Дар ин бора Ӯктам Умурзоқов, раиси шӯрои таълими олии ҷумҳурӣ хабар дод.
Умурзоқов гуфт, “Ҳоло масъалаи омодагӣ ба соли нави таҳсил хеле мураккаб аст. Мо аз моҳи март ба ин сӯ дарсҳоро ба таври фосилавӣ баргузор мекунем, вале, хоҳу нохоҳ системаи онлайн наметавонад ҷои дарси рӯбарӯиро бигирад. Ба ин далел, мо ҳоло ҳамаи кӯшишамонро сарф мекунем, аз моҳи август донишҷӯёни соли 2, 3 ва 4 таҳсилро фосилавӣ оғоз мекунанд. Дар моҳи октябр донишҷӯёни соли аввалро қабул мекунем ва агар вазъият каме беҳтар шавад, шояд ба таҳсили одатӣ бармегардем. Вале, мо ба ҳар гуна вазъият бояд омода бошем. Дар ҷаҳон то ҳол ягон кишваре чунин вазъият надошт, касе таҷруба надорад. Албатта, мо бо омӯзиши таҷрубаи ҷаҳон ба вазъият бархӯрд мекунем.
Манбаъ: ӮзА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ