Ба «Дафтари оҳанин» киҳо дароварда мешаванд?


Эҳтиёҷмандоне, ки ба «Дафтари оҳанин» дохил карда шудаанд, чӣ хел муайян мегардад? Оё танҳо ба оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмаки молиявӣ расонида мешавад? Оилаҳои бақайдгирифташуда кай аз он хориҷ карда мешаванд? Ба ин гуна саволҳо метавонед аз мақолаи зерин ҷавоб ёбед. Инак:
«Дафтари оҳанин» барномаи «Sakhovat.argos.uz» мебошад, ки барои аз камбизоатӣ баровардани оилаҳо нигаронида шудааст. Ба барнома оилаҳое дохил мешаванд, ки вазъияти иҷтимоӣ ва шароити зиндагиашон вазнин асту таҳти назорати махсуси роҳбарони соҳа қарор доранд. Дар давраи пандемияи коронавирус оид ба фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои оилаҳои эҳтиёҷманд, ки ба «Дафтари оҳанин» дохил карда шудаанд, тибқи «Тартиби муваққатӣ» оид ба ташкили манбаи даромад барои оилаҳои дорои шароити вазнини иҷтимоӣ ва шароити зист тадбирҳо андешида мешаванд.
Ба оилаҳои эҳтиёҷманд дар шаклҳои зерин кӯмак расонида мешавад:

  • кӯмаки моддӣ;
  • таъмини ҷойи кор;
  • шуғл бо соҳибкорӣ.

Ба рӯйхат оилаҳои эҳтиёҷманди зерин дароварда мешавад:

  • оилаҳое, ки аъзоёнаш ногиро ва бемории вазнинанд;
  • пиронсолони якка, бевазанон ва шахсони мӯҳтоҷ;
  • оилаҳое, ки 5 нафар ва ё бештар аз он фарзанд доранд;
  • ба шахсоне, ки дар натиҷаи чораҳои карантинӣ манбаи даромадашонро аз даст додаанд;
  • онҳое, ки воқеан мӯҳтоҷ, нотавон ва ба дастгирии молиявӣ ниёз доранд.
    Тартиби дохилшавӣ ва баровардан аз «Дафтари оҳанин»:

Аз ҷониби роҳбарони секторҳо дар якҷоягӣ бо раисони ҷамъомадҳои шаҳрвандони маҳалла ва аъзоёни сектор хона ба хона баромада, шароити моддии зиндагии оилаҳоро амиқ омӯхта шуда, ба базаи электронии «Saxovat.argos.uz» дохил карда мешавад.
Бо тавсияи роҳбарони сектор ва муроҷиати хаттии сардори оила дар асоси қарори Шӯрои ноҳиявии (шаҳрии) намояндагони халқ аз «дафтари оҳанин» хориҷ карда мешавад.
Маълумот дар бораи хориҷ кардан аз «Дафтари оҳанин» ва ба ҷойи онҳо дохил намудани оилаҳои нав ҳамарӯза нав карда мешавад.

Ҳангоми пандемия, давлат ба нақша гирифтааст, ки ба оилаҳое, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд, кӯмакҳои зерини молиявӣ расонад:
Аз буҷети ҷумҳуриятӣ (дар арафаи Иди Қурбон) — 150 миллиард сӯм — ба 150 ҳазор оила;

Дар доираи ҳаракати миллии «Саховатмандӣ ва дастгирӣ» — 132 миллиард сӯм — ба 234 ҳазор оила;

Мувофиқи Фармони Президент таҳти рақами 6038 — ба ҳар сари аҳолӣ 220 ҳазор сӯмӣ — ба 401 ҳазор оила;

Аз хазинаи ҷамоатии хайриявии «Вақф» — 150 миллиард сӯм.
Дар тӯли моҳҳои июл-декабри соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои Хазинаи давлатии кӯмакрасонӣ ба шуғли аҳолӣ ва хазинаи корҳои ҷамоатӣ барои бо ҷойи кор таъмин намудани 192053 нафар ба миқдори 433,4 миллиард сӯм пешбинӣ шудааст. Аз он ҷумла:
ба воситаи ҷалбсозӣ ба корҳои ҷамоатӣ — ба 102659 нафар 231,3 миллиард сӯм;

аз ҳисоби субсидияҳо ба кооперативҳои кишоварзӣ — ба 19843 нафар 44,2 миллиард сӯм;

ба воситаи ҷудо кардани субсидияҳо ба заминҳои наздиҳавлигӣ — ба 28482 нафар 130 миллиард сӯм;
бо роҳи ҷудо кардани субсидияҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ — ба 13 001 нафар 11,5 миллиард сӯм;

ба 28068 нафар шаҳрванд барои додани кӯмакпулӣ ба миқдори 16,3 миллиард сӯм ҷудо шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ