Трамп: Дубора раисҷумҳур шавам, бо Кореяи Шимолӣ ва Эрон хеле зуд муросо мекунем


Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико гуфт, ки дар сурате, ки бори дувум раисҷумҳур интихоб мешавад, дар муддати кӯтоҳ бо Эрон ва Кореяи Шимолӣ тавофуқ хоҳад кард. Дар ин бора ӯ дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Бедминстери иёлоти Ню-Ҷерси гуфт.
Ба гуфтаи Трамп, агар ӯ дар интихоботи соли 2016 ғолиб намешуд, ИМА “ҳоло дар вазъияти ҷанг бо Кореяи Шимолӣ қарор мебуд”, ва ҳарчанд, ки эҳтимолан имрӯз он ҷанг ба поён мерасид, “ин ҷанги хеле нохушоянд мешуд”.
Ба назари Трамп, маҳз бо сиёсати ӯ вазъият тамоман баръак аст ва ИМА “дарҳақиқат бо Кореяи Шимолӣ робитае дорад, ки дар вақти раисҷумҳури собиқ вуҷуд надошт.
Ӯ афзуд, ки Эрон дар айни ҳол “хеле мехоҳад, ки бо ИМА тавофуқ кунад”.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ